Мелания пас аз поёни раёсати ҷумҳурии Трамп чӣ мекунад?
Яке аз мушовирони собиқи бонуи аввали Амрико фош кардааст, ки ӯ пас аз шикасти Трамп дар интихобот, ҳамсарашро тарк кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Волков инчунин изҳор дошт, ки Мелания ва Доналд Трамп дар утоқҳои алоҳидаи Кохи Сафед зиндагӣ мекарданд ва "издивоҷи муомилотӣ" доштанд.
Омароса Манигалт Нюман, ёвари собиқи Доналд Трамп низ изҳор дошт, ки издивоҷи 15-солаи Трамп ва Мелания ба поён мерасад ва муносибатҳо ба зудӣ хотима хоҳанд ёфт.
Вай афзуд: Мелания акнун барои талоқ гирифтан аз Трамп лаҳзашуморӣ мекунад ва ба маҳзи ин ки Трамп аз Кохи сафед берун биёяд, Мелания аз ӯ талоқ мегирад.
Нюман муддаӣ шуд, ки Мелания акнун ба думболи роҳе барои интиқом гирифтан аз Трамп аст.
Daily Mail менависад, ки Доналд Трамп дар интихобот мағлуб шуд, аммо мумкин аст ҳамсараш Мелания Трампро ҳам аз даст бидиҳад.
Аз муддатҳо пеш мушаххас шудааст, ки Мелания алоқаи худро ба Трамп аз даст додааст.
Тибқи гуфтаи яке аз наздикони Мелания, дар шаби пирӯзии Трамп дар интихоботи 2016 Мелания ба шиддат гиря карда ва гуфта буд алоқае надорад, ки ба Кохи сафед биёяд.
Ӯ ҳатто чанд моҳ дертар аз Трамп вориди Кохи сафед шуд.
Ихтилофоти амиқи Мелания ва Доналд Трамп баъд аз маросими савганди раёсати ҷумҳурӣ ошкор шуд ва борҳо сюжаи ахбори ҳошияи расонаҳо буд.
Бештар бихонед: