Ноябр 11, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Саркисян: Ҳама арманиҳо бояд дар бораи ояндаи Қарабоғи Кӯҳӣ тасмим гиранд
    Саркисян: Ҳама арманиҳо бояд дар бораи ояндаи Қарабоғи Кӯҳӣ тасмим гиранд

Раиси Ҷумҳурии Арманистон эълом кард, ки аз тариқи расонаҳо аз тавофуқи оташбас дар Қарабоғ огоҳ шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Русия Ал-Явм, Армин Саркисиён, раисиҷумҳури Арманистон, дар изҳороте, ки дар баёнияе, ки дар сайти Раёсати Ҷумҳурии ин кишвар нашр шудааст, илова кард: "Ҳеҷ ройзанӣ ва баҳсе дар бораи санади тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ бо вай, ки Раиси Ҷумҳурии Арманистон аст, нашудааст." 

Саркисиян таъкид кард: Ҳалли муноқишаи Қарабоғ масъалаи муҳими миллӣ аст ва ҳамаи миллати Арманистон дар бораи он бояд тасмим бигирад.

Раиси Ҷумҳурии арманистон изҳор кард: Бо таваҷҷӯҳ ба нигарониҳои амиқи бештари мардум бояд дар ин замина фавран музокираи сиёсӣ дар дастури кори давлат қарор гирад. 

Тавофуқномаи сулҳи Қарабоғ барои таҳаққуқи оташбаси комил ва рафъи тамоми хусуматҳо дар минтақаи даргирии Қарабоғ аз бомдоди 10 ноябр ба вақти Маскав ба имзои  Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев»,нахуствазири Ҷумҳурии Арманистон  «Никол Пашинян» ва Раиси Ҷумҳурии Федератсияи Русия «Владимир Путин расид ва ба ҷанги си сола миёни Боку ва Ереван поён дод.

 

Бештар бихонед:

Барчасп