Ноябр 14, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул, 22 тан кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд
    Дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул, 22 тан кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд

Нерӯҳои амниятии Афғонистон тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул, пойтахти тн кишварро дастгир карданд.

Ба гузориши ИРНА, Амруллоҳ Солеҳ, муовини раёсатҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбе эълом кард, Одил, фарзанди Муҳаммадориф тарроҳи аслии ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул дастгир шуда ва ба ҷурми худ эътироф кардааст.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, Одил то курси сеюм дар Донишкадаи илоҳиёти Кобул таҳсил карда ва баъд аз он ҷазби гурӯҳи террористии Ҳаққонй шуда ва силоҳро аз ин гурӯҳ бадаст оварда буд.

Солеҳ: тарроҳи ҳамла ба донишгоҳи Кобул узви гурӯҳи террористии Ҳаққонӣ буд

Муовини раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, Одил дар бозҷӯиҳо гуфтааст, ки дастур доштааст то ба донишгоҳҳо, марокизи омӯзишӣ ва дигар аҳдофи ғайринизомӣ ҳамла кунад то давлати Афғонистон таҳти фишор қарор гирад.

Ҳудӯди ду ҳафта пеш дар ҳамлаи террористӣ ба донишгоҳи Кобул 22 нафар кушта ва 40 нафар захмӣ шуданд, ки аксари кушта ва захмиҳои ин ҳамла аз донишҷӯён буданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп