Нашри китоби ҷаҳонгарди Хорватия дар бораи Эрон: "Дар сарзамини мардумони наҷиб"
Дар Хорватия китоби "Дар сарзамини мардумони наҷиб" бо мавзӯи эронгардӣ мунташир шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, сафарномаи Ҳарвуйе Рувчич ҷаҳонгарди аҳли Хорватия, ки натиҷаи ду моҳ эронгардии ӯ бо мотосикл дар саросари Эрон аст, дар қолиби китобе бо унвони "Дар сарзамини мардумони наҷиб" мунташир шуд.
Ин китоб акнун дар феҳристи се китоби пурфурӯши китобфурӯшии онлайни Хорватия (Vbz.hr) қарор дорад.
Сафарномаи Ҳарвуйе Рувчич ба Эрон, даъвате барои сафари маънавӣ ва ёдовари арзишҳои инсонӣ ва ҷамъи ҷаҳон унвон шудааст.
Ин китоб, ки аз тариқи вебгоҳи китобфурӯшии онлайни Хорватия (Vbz.hr) ба фурӯш гузошта шудааст, қарор буд дар намоишгоҳи байналмилалии китоби Загреб арза шавад, ки ба далели бемории ҳамагирии корона, ин намоишгоҳ баргузор нашуд.