Помпео: Раванди интиқоли қудрат дар Амрико анҷом мешавад
(last modified Tue, 17 Nov 2020 09:18:18 GMT )
Ноябр 17, 2020 14:18 Asia/Dushanbe
  • Раванди интиқоли қудрат дар Амрико муваффақ хоҳад буд
    Раванди интиқоли қудрат дар Амрико муваффақ хоҳад буд

Вазири умури хориҷаи Амрико муддаӣ шуд давлати Трамп бар чорчӯби интихобот бар асоси қонуни асосӣ пойбанд аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Майк Помпео дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Лофигаро, Майк Помпео изҳори итминон кард, ки маъмурияти Доналд Трамп ба раванди интихоботи Амрико тибқи Қонуни асосии Амрико содиқ аст.

Вазири умури хориҷаи Амрико иддао кард: "Комилан мутмаин ҳастам, ки рӯзҳо ва ҳафтаҳои оянда нишон хоҳад дод, ки мо чи қадар ба чорчӯби ин интихобот бар асоси Қонуни асосӣ пойбанд ҳастим."

Помпео афзуд: "Раванди интиқоли қудрат, муваффақ хоҳад буд ва ба таколифи дохилӣ ва хориҷиамон эҳтиром гузошта хоҳад шуд."

 Иддаои вазири хориҷии Амрико дар ҳоле баён шуда, ки бо гузашти ҳудуди ду ҳафта аз интихботи раёсати ҷумҳурии Амрико Доналд трамп, Раиси Ҷумҳурии Амрико ҳамчунон демократҳо ва расонаҳои амрикоиро ба талош барои сирқати натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муттаҳам кард.

Тибқи охирин ахбори расонаҳои Амрико номзади ҳизби Демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Ҷо Байден сеюми ноябр тавонистааст ба 306 райъи электрол даст пайдо кунад ва ӯ пирӯзи ин интихобот аст.

 

Бештар бихонед: