120 соли пеш дар бораи имрӯзи мо чӣ меандешиданд?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59212-120_соли_пеш_дар_бораи_имрӯзи_мо_чӣ_меандешиданд
Нилс Бор(Niels Bohr), физикдони машҳӯр, замоне гуфта буд, пешбиниҳо душворанд, ба хусӯс вақте дар мавриди оянда бошад.
(last modified 2026-01-06T10:03:23+00:00 )
Ноябр 19, 2020 12:06 Asia/Dushanbe
  • 120 соли пеш дар бораи имрӯзи мо чӣ меандешиданд?
    120 соли пеш дар бораи имрӯзи мо чӣ меандешиданд?

Нилс Бор(Niels Bohr), физикдони машҳӯр, замоне гуфта буд, пешбиниҳо душворанд, ба хусӯс вақте дар мавриди оянда бошад.

Соли 1900, ҳамзамон бо баргузории намоишгоҳи ҷаҳонии маъруфе дар Порис, як силсила postcards(открытка) бо ҳимояти молии як ширкати сигорсозӣ мунташир ва дар ҷаъбаҳои сигар қарор дода шуд. Унвони ин postcards-ҳо «Фаронса дар қарни 21» буд. Тасвирсозҳои хубе рӯйи ин открыткаҳо кор карда буданд.

Ҷолиб аст бидонед, ки Айзек Азимов, танҳо касе буд, ки маҷмӯъаи комили 87 открыткаи қадимиро дошт. Ӯ дар соли 1986 китоби мусаввар мунташир ва ин открыткаҳоро дар он мунташир кард. Ӯ барои ҳар открытка матлабе навишт, шеваи фикри тасвирсоз ва тавоноии тахайюлашро таҳсин кард ва нишон дод, ки чӣ қисматҳое аз ҳар пешбинӣ дуруст мебарояд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: