Роҳандозии вебгоҳи вижаи муҳоҷирон дар Русия
Анҷумани мусулмони Русия вебгоҳе барои муҳоҷирон ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ироа мекунад.
Раиси Анҷумани мусулмони Русия, муфтӣ Алибар Крганов эълом кард, ин маҷмаъ як вебгоҳи федерол барои муҳоҷирон аз тамомии мазҳабҳо ва миллиятҳо роҳандозӣ хоҳад кард.
Кори ин вебгоҳ аз рӯзи чаҳоршанбе (25 ноябр) оғоз мешавад.
Крганов дар ҷаласае дар утоқи умумии Федерасиюн Русия гуфт: «дар рӯзи 25 ноябр даргоҳи иттилооти ҷадиди “Rosmigrant. Rf”, ки дорои нармафзорҳои корбурдии мухталиф аст, роҳандозӣ хоҳад шуд.»
Вай тасреҳ кард, ки иттилооти мавҷӯд дар вебгоҳ ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ ироа хоҳад шуд.
Илова бар ин, Анҷумани мусулмони Русия дар ҳоли омодасозии маҷмӯае аз китобҳо ба унвони "Алифбои муҳоҷир" аст.
Крганов гуфт: « аз замони шурӯи тарҳи мо, теъдоди зиёде аз муҳоҷирон ба мо муроҷиа карданд ва акнӯн рӯзона то 40 дархост мепазирем. Мо на танҳо мушовира аз роҳи дур ироа медиҳем ва масоилро ҳал мекунем, балки дар муассисоти мазҳабӣ ва масоҷиди худ низ ба таври мустақим ба муҳоҷирон кумак мекунем.»
Пеш аз ин Крганов хотирнишон карда буд, ки ҷомеаи мусулмонон бояд ба муҳоҷирони ғайриқонӯнӣ кумак кунад «то қавонини Русияро бафаҳманд, қонунӣ шаванду мутобиқи виҷдон ва қонун зиндагӣ кунанд.»
Барои иҷрои ин барномаҳо Анҷумани мусулмони Русия бо созмонҳои ғайриинтифоӣ, сафоратхонаҳо ва вазорати кишвар ҳамкорӣ мекунад.
Аз дидгоҳи раиси Анҷумани мусулмони Русия чунин иқдомоте ба ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва ҷинояткорӣ, тақвияти равобит байни нажодҳо ва мазоҳиби мухталиф ва созгории фарҳанги муҳоҷирон кумак хоҳад кард.
БЕШТАР БИХОНЕД: