Ноябр 24, 2020 18:02 Asia/Dushanbe

Расонаҳои амрикоӣ аз ҳамлаи мусаллаҳона ба як килисо дар иёлати Калифорния хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории "Эрон Пресс", дар ҳамла бо корд ба килисое дар шаҳри Сан Хузеи иёлати Калифорнияи Амрико ду нафар кушта ва чанд нафар захмӣ шудаанд.

  • Бинобар эъломи полис, ҳангоми ҳодиса дар килисои Grace Baptist Church маросими мазҳабӣ дар ҳоли баргузорӣ набуд.

Ва афроди бехонумон барои муҳофизат дар муқобили сармо дар он ҷо ҷой дода шуда буданд.