Декабр 03, 2020 10:35 Asia/Dushanbe
  • Путин дастури ваксинаи умуми бо ваксинаи “Sputnik V”-ро содир кард
    Путин дастури ваксинаи умуми бо ваксинаи “Sputnik V”-ро содир кард

Раисиҷумҳури Русия эълом кард, ки аз ҳафтаи оянда ваксина(эмкунӣ)-и умумии корона бо истифода аз ваксинаи “Sputnik V” оғоз ме‌шавад.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Путин дар нишасти Ситоди мубориза бо коронаи Русия гуфт, ҳудуди 2 миллион доз ваксинаи “Sputnik V” дар Русия тавлид шудааст ва ин мавзӯ ба мо имкон медиҳад, ки ваксинаи густардаи корона дар Русияро шуру кунем.

Вай афзуд, эмкунӣ аз 2 гурӯҳи дар маърази хатар шомили кадри дармонӣ ва муаллимон оғоз мешавад.

Путин таъкид кард, Русия бо 589 қурбонии ҷадид дар шабонарӯзи гузашта, рекорди рӯзона бештарин теъдоди маргу мири ношӣ аз коронаро аз ибтидои шуюи ин вирус токунун сабт кардааст.

Дар маҷмӯ аз ибтидои шуюи ҳамагирии корона 41 ҳазору 53 нафар дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп