Эъломи “Рӯзи дуо” дар Покистон барои наҷот аз корона
Декабр 04, 2020 18:00 Asia/Dushanbe
-
Дар Покистон 4 декабр рӯзи дуо барои наҷот аз корона буд
Рӯзи ҷумъа, 4 декабр дар Покистон барои наҷот аз вируси корона “Рӯзи дуо” эълом шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин рӯз ҳамаи мардуми Покистон аз даргоҳи Худованд рафъи балои коронаро хостор шуданд.
- Ориф Алавӣ, раисиҷумҳури Покистон гуфт: “Мардуми кишвар имрӯзро рӯзи дуо дар назар гирифтаву аз Худованди мутаол барои муҳофизат дар баробари вируси ҳамагирии корона кумаку мададталабӣ мекунанд”.
Алавӣ ҳамчунин аз умуми мардум дархост кард, барои муқобила бо густариши вируси корона комилан ба дастурҳои беҳдоштӣ ва фосилагузории иҷтимоӣ амал кунанд.
Дар Покистон бар асоси оморҳои расмӣ то кунун 410 ҳазор нафар ба Ковид - 19 мубтало шудаву 8 ҳазору 260 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед:
Барчасп