Ахбори ғайри расмӣ аз террори як афсари Моссад дар Тел Авив+ филм
Декабр 06, 2020 16:22 Asia/Dushanbe
Манобеи ибрӣ ва шабакаҳои маҷозӣ аз террор Фаҳим Ҳановӣ, ки гуфта мешавад, яке аз афсарони Моссад будааст дар ҷануби шарқи Тел Авив хабар доданд.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, ин афсари 45 солаи Моссад панҷшанбешаб ҳангоми таваққуфи автомобилаш пушти чароғи қирмиз бо шиллики беш аз 15 гулӯла кушта шуд, аммо Исроил талош мекунад, иттилооте дар ин хусӯс мунташир нашавад.
Бархе манобеи ғайрирасмӣ эҳтимол додаанд, Фаҳим Ҳановӣ аз фармондеҳони аршади Моссад бошад.