Трамп: Вакилам "вируси чинӣ" гирифтааст
(last modified Mon, 07 Dec 2020 06:51:29 GMT )
Декабр 07, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп аз корона гирифтани вакилаш Руди Ҷулиани хабар дод ва гуфт ӯ вируси чинӣ гирифтааст
    Доналд Трамп аз корона гирифтани вакилаш Руди Ҷулиани хабар дод ва гуфт ӯ вируси чинӣ гирифтааст

Раиси Ҷумҳурии Амрико аз гирифтор шудани вакили шахсиаш Руди Ҷулиани ба вируси корона хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп дар Твиттер бо таъриф ва тамҷид аз Ҷулиани навишт: "Руди Ҷулиани , бузургтарин шаҳрдори Ню-Йорк сити дар таърих  ва касе, ки ба сурати хастагинопазир барои ифшои фосидтарин интихобот дар таърихи Амрико кор кардааст, ба "вируси чинӣ" гирифтор шудааст." 

Трамп пештар низ вируси коронаро вируси чинӣ хонда буд, ки ин кори ӯ хашми Пекинро барангехт.

Руди Ҷулиани ба унвони раиси тими вакилони интихоботии Трамп парвандаи парвандаи шикояти интихоботии ӯро пеш мебурд.

Эндрию Ҷулиани, писари Руди Ҷулиани низ ҳудуди 20 рӯз қабл эълом кард ба Ковид-19 мубтало шудааст ва акнун эҳтимол дорад ҳамаи тими ҳуқуқии Трамп корона гирифта бошанд.

Бар асоси гузоришҳо, 2 ҳазору 254 амрикоӣ дар 24 соати гузашта бар асари Ковид-19 ҷони худро аз даст додаанд.

Амрико ҳам аз назари теъдоди афроди олуда ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мири ноши аз ин вирус дар садри кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

 

Бештар бихонед: