Густариши бемории ношинохтаву маргбор дар Ҳинд
(last modified Mon, 07 Dec 2020 16:33:36 GMT )
Декабр 07, 2020 21:33 Asia/Dushanbe
  • Маводи заҳролуд муҳтамилтарин иллати ин беморӣ эълом шудааст
    Маводи заҳролуд муҳтамилтарин иллати ин беморӣ эълом шудааст

Густариши бемории ношинохта дар иёлати Андҳра - Прадеш дар Ҳинд боиси нигаронии мардум шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, бар асари ин бемории ношинохта, ки аз шанбе бо аломатҳое шабеҳи ҳамалоти саръ дар иёлати Андҳра – Прадеши Ҳинд шустариш пайдо кардааст, як нафар ҷон бохт ва 350 нафар низ дар бемористон бистарӣ шуданд.

  • Дар байни афроди бистаришуда 46 кӯдак ва 70 зан вуҷуд дорад ва ба гуфтаи пизишкон, тести коронаи ин афрод манфӣ будааст.

Эзтимоли иллати хуруҷи ин беморӣ маводи заҳролуд эълом шудааст.

Ба гуфтаи пизишкон, аз алоими ин беморӣ ҳолати дилбеҳузурӣ, кафки даҳон ва пас аз он беҳуш шудани фарди бемор аст.

Алоими шадид дар афрод ҳудуди 15 дақиқа идома меёбад ва пас аз он фард беҳуш мешавад.  

Бархе мухолифони давлати Ҳинд муддаиянд, давлати дастиростии ҳоким бар Ҳинд барои шикастани мавҷи сангини бузургтарин коршикании таърихи Ҳинд, ки миллионҳо кишоварз дар он ширкат доранд, боиси густариши ин беморӣ аст.

 

 Бештар бихонед:

Муъҷизаи гулоб дар дармони хонагии бемори‌ҳо

Дармони 80 бемории илоҷаш сахт бо ҳуҷайраи бунёдии хуни банди ноф дар пажӯҳишгоҳи Руён