Декабр 08, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Бинобар эъломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Лукашенко наметавонад корвони Беларусро дар олимпии Токио ҳамроҳӣ кунад
    Бинобар эъломи Кумитаи байналмилалии олимпӣ Лукашенко наметавонад корвони Беларусро дар олимпии Токио ҳамроҳӣ кунад

Бар асоси таъйиди Кумитаи байналмилалии олимпӣ, раиси ҷумҳурии Беларус аз ҳамроҳии корвони кишвараш дар бозиҳои олимпӣ маҳрум шуд.

Ба гузориши ИРНА, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳамчунин писари Александр Лукашенко ба номи Викторро низ, ки муовини Кумитаи миллии олимпии Беларус аст, маҳрум кард.

Белорус аз авоили моҳи августи 2020 ва пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар, ки бо эъломи пирӯзии Лукашенко поён ёфт, саҳнаи тазоҳуроти хиёбонӣ ва густарда буд.

Бисёре аз варзишкорони беларусӣ бо ишора ба табъизи сиёсӣ ва содир шудани ҳукмҳои ҳабс барои варзишкорон, бо ирсоли нома ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хостори иқдоми фаврии ин ниҳоди ҷаҳонӣ шуда буданд.

Токио дар соли 2021,  пас аз як соли таъхир ба далели ҳамагирии вируси корона аз олимпии тобистонӣ ва Чин дар соли 2022 аз олимпии зимистонӣ мизбонӣ хоҳанд кард.

 

Бештар бихонед:  

Барчасп