Эътирофи вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба сафарҳои махфиёнаи худ ба кишварҳои арабӣ
(last modified 2020-12-17T14:14:33+00:00 )
Декабр 17, 2020 19:14 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба сафарҳои махфиёнаи худ ба кишварҳои арабӣ
    Эътирофи вазири ҷанги режими саҳюнистӣ ба сафарҳои махфиёнаи худ ба кишварҳои арабӣ

Вазири ҷанги Исроил эътироф кард, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои низомӣ ба таври пинҳонӣ ба ҳамаи кишварҳои арабӣ сафар кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ Бани Гантс дар мусоҳиба бо рӯзномаи саудии Аш-шарқ ал-Авсат гуфт, дар тӯли 38 соли ҳузур дар артиши Исроил сафарҳои махфиёнае ба кишварҳои арабӣ дошта, аммо акнун тамоюл дорад ба сурати расмӣ ва аланӣ ба ин кишварҳо сафар кунад.

Гантс, ки дастонаш ба хуни ҳазорон фаластинӣ ва мусулмонони дигар кишварҳо оғушта аст бо баёни ин ки бидуни ҳалли комили масъалаи Фаластин дар ғарби Осиё ҳеч сулҳи фарогире ҳоким нахоҳад шуд, аз «Маҳмуди Аббос», раиси Ташкилоти худгарони Фаластин хост ба раванди созиш бипайвандад.

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ иддао кард , фароянди равобит бо кишварҳои арабӣ як фурсати олӣ ва воқеӣ барои созиш аст.

Изҳороти Бани Гантс дар ҳоле матраҳ мешавад, ки режими саҳюнистӣ солҳост бо саркӯб ва боздошти фаластиниён ва эҳдоси шаҳракҳои саҳюнистинишини дар садади тағйири сохтори ҷуғрофиёии манотиқи фаластинӣ ва чеҳраи саҳюнистӣ додан ба ин манотиқ аст то султаҷӯйи‌ҳояшро дар манотиқи фаластинӣ тасбит кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп