Декабр 20, 2020 13:37 Asia/Dushanbe
  • Слутский: бастани ду консулгарии Амрико ҳокӣ аз ҳоли бади руҳии Помпео аст
    Слутский: бастани ду консулгарии Амрико ҳокӣ аз ҳоли бади руҳии Помпео аст

Дар вокуниш ба тасмими Амрико барои таътилии ду консулгарии худ дар Русия, раиси Камиссиюни умури байналмилали Думаи ин кишвар дар “Твиттер” навишт: “Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико бемори равонӣ аст ва аз шароити рӯҳии баде ранҷ мебарад”.

Ба гузориши ИРНА, Леонид Слутский афзуд, бастани ду консулгарии Амрико дар Русия ва қарор додани ин кишвар дар феҳристи кишварҳои душман ҳокӣ аз ин ҳолати руҳии Помпео аст.

Давлати Доналд Трамп дар охирин рӯзҳои боқимонда аз раёсатҷумҳурии худ қасд дорад, 2 консулгарии боқимондаи ин кишвар дар шаҳри Владивосток ва Екатеринберги Русияро таътил кунад, ба гӯнае, ки танҳо сафоратхонаҳои Амрико дар Маскав ба фаъолият идома хоҳад дод, ки ин тасмим бо вокуниши тунди Маскав мувоҷеҳ шуд ва мақомоти ин кишвар аз ин тасмими Вашингтон ва рӯйкарди зиддирусии Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико интиқод карданд.

Пештар Дмитрий Песков, сухангӯи матбуотии раисиҷумҳурии Русия бо ишора ба тасмими давлати Амрико барои таътилии ду консулгарии боқимонда дар ин кишвар гуфт, ин иқдоми Вашингтон беш аз ин равобити ду кишварро тахриб намекунад, чун консулгариҳои Амрико дар Русия аз муддатҳо қабл фаъолияте надоштанд.

Пеш аз ин низ дар пайи иттиҳомзаниҳои Амрико ба Русия дар бораи масмӯмияти Сергей Скрипал, ҷосӯси рус дар Британия ва духтараш, Маскав ба Амрико дастур дод то сафоратхонаҳои худ дар Санкт Петербургро таътил кунад.

Равобит миёни Маскаву Вашингтон дар моҳҳои ахир дар хусӯси қисме аз масоил бо таниш ҳамроҳ будааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп