Бархе навзодон бо подтани корона мутаваллид мешаванд
(last modified Sun, 20 Dec 2020 10:23:01 GMT )
Декабр 20, 2020 15:23 Asia/Dushanbe
  • Бархе навзодон бо подтани корона мутаваллид мешаванд

Мутолиоте дар Сингапур нишон медиҳад, навзодоне, ки аз модарони мубтало ба корона мутаваллид мешаванд, дорои подтани муқобила бо ин беморӣ ҳастанд.

Ба гузориши Райтерс, бо ин ҳол муҳаққиқон мегӯянд, равшан нест, вуҷӯди ин подтан(антитела-подзаҳри тан) то чӣ ҳад онҳоро дар баробари ин беморӣ муҳофизат ме‌кунад.

Бар асоси ин гузориш, баррасӣ рӯи навзодони 5 зан, ки дар ин таҳқиқ мушорикат доштанд, нишон дод, ки онҳо ҳангоми таваллуд дорои подтани корона буданд.

Ин таҳқиқ ҳамчунин нишон дод, шумори подтан дар бадани ин навзодон мутафовит аст ва ҳарчӣ замони ибтилои модар ба вируси корона бо замони таваллуд фосилаи камтаре дошта бошад, шумори подтан дар бадани навзод бештар хоҳад буд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: