Декабр 20, 2020 19:36 Asia/Dushanbe
  • Мамониати Кохи Сафед аз муттаҳам кардани Русия ба ҳамалоти сойберӣ
    Мамониати Кохи Сафед аз муттаҳам кардани Русия ба ҳамалоти сойберӣ

Мақомоти Кохи Сафед, аз интишори баёнияи иттиҳомзанӣ ба Русия дар хусуси ҳамалоти сойберӣ худдорӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Тасс, мақомоти Кохи Сафед қасд доштанд баёнияе ироа диҳанду иддао кунанд, ки Русия дар ҳамлаи ҳакерӣ алайҳи системаҳои роёнаӣ дар Амрико нақш доштааст, аммо дар охирин лаҳза ба онҳо дастур дода шуд, ки онро мунташир накунанд.

Аз сӯи дигар, Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп дар паёме ҳамалоти густардаи соӣберӣ ба зерсохтҳои ин кишварро камаҳамият ҷилва дод ва муддаӣ шуд ҳама чиз таҳти назорат аст. 

Доналд Трамп, Чинро омили ҳамлаи соӣберии ахир дар Амрико медонад, аммо вазири хориҷаи Амрико " Майк Помпео"  Маскавро ба даст доштан дар ҳамалоти соӣберии ахир алайҳи Вашингтон муттаҳам кард.

Бино ба гузориши расонаҳои Амрико, якшанбеи гузаштаи як гурӯҳи ҳакерӣ ҳамалоти соӣберии густардаеро бо пуштибонии як қудрати хориҷӣ ба ниҳодҳои амрикоӣ сурат дода ва додаҳои чандин созмони давлатиро ба сирқат бурданд.

Гуфта мешавад тайи ҳафтаи ахир даҳҳо ҳамлаи соӣберӣ алайҳи ниҳодҳои ҳассоси Амрико, аз ҷумла Вазорати хазона‌дорӣ, Вазорати амнияти дохилӣ ва марокизи ҳастаии ин кишвар анҷом шуда ва эҳтимолан дар ин ҳамалот иттилооти бисёр муҳимме ба сирқат рафтааст.

Русия низ бо такзиби тамомии ин иттиҳомот эълом кардааст, ки ҳеч мадраке дар исботи иддаоии ҳамлаи " ҳакерҳои русӣ" ба системаҳои роёнаии Амрико ироа нашудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп