Талош барои интиқоли беш аз ҳафт ҳазор диишӣ ба шимоли Афғонистон
Муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки гурӯҳҳое дар садади интиқоли 7500 узви гурӯҳаки террористии ДИИШ ба шимоли Афғонистон ҳастанд.
Ба гузориши ИРНА, генерал Абдурашид Дӯстум гуфтааст, ки ин пайравони ДИИШ шаҳрвандони Чеченистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳастанд.
Муовини раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки ҳалқаҳое аз дохилу хориҷи ин кишвар талош мекунанд, то ин афроди вобаста ба ДИИШ то шаш моҳи дигар ба марзҳои шимолии Афғонистон мунтақил шаванд. Генерал Дӯстум афзуд, бар асоси иттилооти ӯ, ин пайравони ДИИШ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Лубнону Либиё дар суфуфи террористҳои ин гурӯҳ саргарми фаъолият ҳастанд.
Муовини раисҷумҳури Афғонистон ҳафтаи гузашта барои бозпасгирии шаҳристони Ғурмоч, яке аз ноҳияҳои вилояти Фориёб ба шимоли Афғонистон рафта, амалиётеро алайҳи шибҳинизомиёни Толибон оғоз кард. Қарор аст, ӯ аз он ҷо озими вилояти Кундуз шавад. Дӯстум ҳамчунин дар як паёми видеоӣ, ки аз шабакаҳои телевизионии Афғонистон пахш шуд, гуфтааст, ки агар ҳодисаи ғайричашмдоште рух надиҳад, то поксозии комили Кундуз ба Кобул нахоҳад баргашт. Дар ин ҳол, бархе манобеи афғон гузориш доданд, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон бо сафари ӯ ба Кундуз мухолифат кардааст.
Расонаҳои Афғонистон борҳо дар бораи интиқоли афроди ношиносу машкук аз тариқи чархболҳои хориҷӣ ба манотиқи ноамну таҳти контроли мухолифони ҳукумат дар шимоли Афғонистон гузоришҳо мунташир кардаанд.