Эъломи омодагии нахуствазири Арманистон барои истеъфо
(last modified Sat, 26 Dec 2020 06:10:30 GMT )
Декабр 26, 2020 11:10 Asia/Dushanbe
  • Пашинян: омодаи тарки мақоми нахуствазирӣ ҳастам
    Пашинян: омодаи тарки мақоми нахуствазирӣ ҳастам

Нахуствазири Арманистон дар пайи густариши фишори мухолифон ва муътаризон шомгоҳи ҷумъа эълом кард, ки бо тасмими мардум омодаи истеъфо ва канорагирӣ аст.

Ба гузориши ИРНА, Никол Пашинян дар паёме дар “Фейсбук” навишт: “ман бо тасмими мардум омодаи тарки мақоми нахуствазирӣ ҳастам”.

Вай афзуд, ҳамчунин омода ҳастам, ки дар сӯрат дарёфти таъйиди ҳукми мардумӣ, ҳидояти Арманистонро дар ин шароити душвор идома диҳам.

Ҳафтаи гузашта ҳазорон нафар аз муътаризони арманистонӣ барои чандумин бор дар хиёбонҳои Ереван ҳузур ёфтанд ва истеъфои Пашинянро хостор шуданд.

Эътирозоти мардумӣ ба Пашинян дар Арманистон ба ҷое расида аст, ки ба назар мерасад, ки онон қасд надоранд аз хостаҳои худ ақибнишинӣ кунанд.

Муътаризон истеъфои Пашинянро хосторанд

Ришаи эътирозот дар Арманистон ба куҷо бармегардад?

Тавофуқномаи ҷадиди оташбас дар Қарабоғ миёни Ереван-Бокӯ, ки бо миёнҷигарии Русия баста шуд, мардуми Арманистонро аз беш аз як моҳи пеш ба хиёбонҳо кашондааст ва мухолифони Пашинян эълом кардаанд, ки нахуствазири ин кишвар набояд ин тавофуқномаро имзо мекард.

Даргириҳо дар Қарабоғ 10 ноябр бо имзои баёнияи сеҷонибаи раисони ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон поён ёфт.

Ин тавофуқнома умедвории зиёдеро барои таваққуфи комили даргириҳо ва барқарории оташбаси тамомайёр дар минтақаи Қафқоз эҷод кард ва ба дунболи он таҳаввулоти ҷадиде дар ин ду кишвар рух дод.

  

БЕШТАР БИХОНЕД: