Путин боз ҳам метавонад раиси ҷумҳурии Русия шавад
-
Қонуни раёсати ҷумҳурии Русия ислоҳ шуд
Владимир Путин метавонад ду давраи 6 солаи дигар ба унвони раиси ҷумҳурии Русия дар кохи Кремл бимонад.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи чаҳоршанбе маҷмӯаи ҷадиде аз қавонинро тасвиб кард, ки аз муқобила бо табъизи расонаҳои иҷтимоӣ то шиносоии авомили хориҷӣ ва мамнӯияти ифшои иттилооти шахсии мақомоти амниятиро шомил мешавад.
Бар асоси ин қавонин, замина барои идомаи фаъолияти Путин ба унвони раиси ҷумҳурӣ ва номзадии ӯ дар ду давраи дигари интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия фароҳам шуд.
Аз байни қавонине ки имрӯз ба имзои Путин расид, метавон ба афви модомулумр барои раисони ҷумҳурии пешини Русия ишора кард.
Тибқи яке дигар аз қавонине, ки ба тасвиб расид, афроди дорои тобеияти хориҷӣ бидуни лағви тобеияти худ метавонанд паспорти русӣ дарёфт кунанд.
Бештар бихонед:
- Вокуниши Кремл ба изҳороти Жириновский дар бораи ҷонишини Путин
- Путин: Имконоти ҳастаӣ амнияти Русияро таъмин мекунад