Январ 03, 2021 12:13 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон сеюмин кишвари маргбор барои хабарнигорон аст
    Афғонистон сеюмин кишвари маргбор барои хабарнигорон аст

Маркази хабарнигорони Афғонистон рӯзи шанбе дар гузориши солонаи худ эълом кард, ки ҷанги дохилӣ ва хушунатҳо дар Афғонистон дар соли 2020 ба ҷон бохтани 8 тан аз асҳоби расона ва захмӣ шудани 19 нафари дигар мунҷар шуд.

Ба гузориши ИРНА, маркази хабарнигорони Афғонистон токунӯн муваффақ шудааст 112 парвандаро дар иртибот бо мавзӯоте, аз ҷумла кушта ва маҷрӯҳ шудан, хушунати физикӣ, тавҳину таҳқир, таҳдиду фишор, ҳамла ва аъмоли харобкорона алайҳи хабарнигорон ва кормандони расонаӣ дар ин кишвар сабт кунад.

Бар асоси ин гузориш дар соли 2020 дар Афғонистон 45 маврид таҳдид, 11 маврид хушунати физикӣ, 6 маврид боздошт, 6 маврид рабуда шудан ва 4 маврид иқдоми мусаллаҳона алайҳи хабарнигорон ва асҳоби расонаҳо сабт шудааст.

Гузоришгарони бидуни марз низ чанд рӯз пеш дар гузорише Афғонистонро сеюмин кишвари маргбор барои хабарнигорон муаррифӣ ва эълом карда буд, ки дар соли 2020 милодӣ 6 хабарнигор дар ин кишвар кушта шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

  

 

Барчасп