Ҳушдори Русия ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6070-Ҳушдори_Русия_ба_Амрико
Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар арсаи амнияти иттилоотӣ пас аз эъломи Амрико, мабнӣ бар қасди анҷоми ҳамлаи сойберӣ зидди Маскав, ба Вашингтон ҳушдор дод ва гуфт, ки ин тасмим барои Амрико "бозӣ бо оташ" аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 16, 2016 14:18 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба Амрико

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар арсаи амнияти иттилоотӣ пас аз эъломи Амрико, мабнӣ бар қасди анҷоми ҳамлаи сойберӣ зидди Маскав, ба Вашингтон ҳушдор дод ва гуфт, ки ин тасмим барои Амрико "бозӣ бо оташ" аст.

Андрей Кротких, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия шанбешаб дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид кард, ки ҳар гуна иқдом алайҳи Русия бидуни посух намемонад ва талоши Вашингтон барои тарсондани Маскав содалавҳонаву ғайримасъулона аст.

Ҳамзамон бо тарҳи иддаоҳои расмиву ғайрирасмии Вашингтон, мабнӣ бар ҳамлаи ҳакерӣ аз Русия бо ҳадафи таъсиргузорӣ бар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, муовини раиси ҷумҳурии ин кишвар дастури оғози ҷанги сойберии зиддирусиро дод.

Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден эълом кард, ки Амрико ба ҳамлаҳои сойберӣ алайҳи ин кишвар, ки Русия пушти он қарор дорад, муассиртарин посухро медиҳад.

Ҳамзамон рӯзномаи "Коммерсант" навишт, Созмони ҷосусии Амрико дар ҳоли тадоруки анҷоми ҳамлаҳои сойберӣ ба Русия ҳаст ва эълом шуда, ки дар посух ба иқдомҳои ин кишвар анҷом хоҳад гирифт.

Мақомҳои мухталифе, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ ва ҳамчунин Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико борҳо иддао кардаанд, ки ҳакерҳо аз Русия дар амалиёти бузурги ҳамлаи сойберӣ ба сандуқи паёмҳои электронии ин ҳизб ширкат кардаву аснодро мунташир кардаанд.