Байден: Доналд Трамп омили шӯриши мусаллаҳона дар Конгресси Амрико буд
(last modified Thu, 14 Jan 2021 10:00:44 GMT )
Январ 14, 2021 15:00 Asia/Dushanbe
  • Ҷо Байден ҳамла ба Кангрессро дар таърихи Амрико бесобиқа хонд
    Ҷо Байден ҳамла ба Кангрессро дар таърихи Амрико бесобиқа хонд

Раисиҷумҳури мунтахаби Амрико бо судӯри баёнияе рухдодҳои ҳафтаи гузашта дар муқобили Конгрессро шӯриши мусаллаҳонаи барномарезӣ шуда тавсиф кард, ки ба таҳрики Трамп анҷом гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷо Байден рӯзи панҷшанбе дар баёнияе навишт: «ҳафтаи гузашта, мо шоҳиди ҳамлаи бесобиқа ба демократия будем. Чунин чизеро дар таърихи 244 солаи миллати худ шоҳид набудем».

Байден шӯришҳои ҳафтаи гузашта дар Конгресси Амрикоро шӯриши мусаллаҳона алайҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хонд ва идома дод: «ин ҳамлаи муҷримонаи барномарезӣ шуда ва ҳамоҳанг шударо ифротгароёни сиёсӣ ва террористҳои дохилӣ анҷом доданд, ки раисиҷумҳур Доналд Трамп онҳоро ба хушунат таҳрик карда буд.»

Ҳаводорон Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба дархости ӯ рӯзи чаҳоршанбе 6 январ бо ҳамла ба Кангресси ин кишвар соате онро ба тасарруфи худ дар овараданд, ки дар ин ҳамла дастикам 6 нафар аз ҷумла як нерӯи пулис кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи чаҳоршанбе тарҳи истизоҳи Доналд Трампро бо 229 раъйи мувофиқ дар баробари 197 раъйи мухолиф тасвиб кард.

 

Бо тасвиби тарҳи истизоҳи Трамп дар Маҷлиси намояндагон ва ба нахустин раисиҷумҳури Амрико табдил шуд, ки ду бор дар замони ҳузураш дар Кохи Сафед истизоҳ ме‌шавад.

Мусавабаи истизоҳи Трамп пас аз ин барои таъиди ниҳоӣ ва баргузории ҷаласаи муҳокима ба маҷлиси Сенат фиристода хоҳад шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: