Имрон Хон: ҷаҳон иттиҳомоти Помпео алайҳи Эронро бовар намекунад
(last modified Sat, 16 Jan 2021 07:51:09 GMT )
Январ 16, 2021 12:51 Asia/Dushanbe
  • Имрон Хон: Помпео ба дунболи ҷалби ҳимояти лобии саҳюнизми аст
    Имрон Хон: Помпео ба дунболи ҷалби ҳимояти лобии саҳюнизми аст

Нахуствазири Покистон дар вокуниш ба иттиҳомоти Амрико алайҳи Эрон гуфт, суханони ахири Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида ҳаракате хатарнок барои касби хушнудии Исроил аст, аммо ҷаҳон ин иддаоҳоро ҳаргиз бовар намекунад.

Ба гузориши ИРНА, Имрон Хон ҷумъашаб дар мусоҳиба бо шабакаи покистонии «BOL» нюз таъкид кард, ки иттиҳомоти Помпео алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва муртабит донистани ин кишвар бо Алқоида ҳаргиз бовар карданӣ нест ва дунё чунин суханонеро қабул наме‌кунад.

Вай афзуд, Майк Помпео ба поёни хат расида ва муҳлати давлати феълӣ дар Амрико тамом шудааст, бо ин ҳол иттиҳомоти вйи бисёр хатарнок аст ва ҳадафи аслии он низ ба даст овардани хушнудии саҳюнист‌ҳост.

Нахуствазири Покистон гуфт, дар айни ҳол шояди вай худро барои интихоботи соли 2024 омода мекунад ва бо ҳамин ҳадаф ба дунболи ҷалби ҳимояти лобии саҳюнизм аст.

Имрон Хон изофа кард, танҳо Исроил дар минтақа ба дунболи тазъифи Эрон аст ва ин дар ҳоле аст, ки ҳеч кишваре монанди Эрон дар ҷойгоҳи муқовимат ва истодан рӯи поҳои худ нест, ба ҳамин далел Амрико баъд аз Сурия ва Ироқ дарсадади эҷоди нобасомонӣ дар Эрон аст.

Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар идомаи сиёсатҳои Эронҳаросонаи худ дар иддаоии беасос муддаӣ шуд, Эрон ба барномарезӣ барои ҳамалоти 11 сентябр кумак карда буд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мақари ҷадиди Алқоида аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ дар вокуниш ба иддаои беасоси Помпео дар муртабит кардани Эрон бо Алқоида таъкид кард, ҳеч кас фиреб намехурад, зеро тамомии террористҳои ҳодисаи 11 сентябр аз кишварҳои маҳбӯби Майк Помпео дар Ховари Миёна буданд ва ҳеч кадом аз Эрон набуданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: