Ташдиди ҷанг дар Афғонистон ва осору паёмадҳои он
(last modified 2016-10-16T13:55:44+00:00 )
Октябр 16, 2016 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ташдиди ҷанг дар Афғонистон ва осору паёмадҳои он

Ташдиди ҳамалоти Толибон дар Ҳилманд ва талош барои тасарруфи лашкаргоҳи маркази ин устон нишон медиҳад, ки Толибон бадунболи дастёбӣ ба маркази иқтисодӣ барои таъмини бахше аз ниёзҳои молии худ аст.

Албатта Толибон барои тазъифи артиши Афғонистон ҳамалоти худро дар Қундуз, Фараҳ ва соири вилоёт низ шиддат бахшидааст, то артиши Афғонистон ногузир ба парокандани нерӯҳои худ дар соири вилоёт бошад. Бо ин ҳол сафари генерал Қадам Шоҳи Шаҳим, раиси ситоди артиши Афғонистон ба Ҳилманд нишон медиҳад, ки давлати ин кишвар бо таваҷҷуҳ ба мавқеияти ин вилоят ба ҳеч унвон иҷоза нахоҳад дод, Ҳилманд ба тасарруфи Толибон дарояд.

Ҳилманд бузургтарин маркази кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон аст ва Толибон мекушад, бо тасаллут бар он ба манбаи молии муҳим даст ёбад. Дар ҳамин ҳол бархе маҳофил дар Афғонистон бар ин эътиқоданд, Толибон бо тасарруфи Ҳилманд дарсадади интиқоли Шӯрои Кувайта аз Покистон ба Афғонистон аст.

Бо ин ҳол ҷанг дар Ҳилманд аз чанд манзар низ қобили таваҷҷуҳ аст. Аввал талафоти зиёди артиш Афғонистон аст, ки маҳофили ғарбӣ ва генералҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон борҳо онро матраҳ кардаанд. Аз дидгоҳи маҳофили сиёсӣ ва низомӣ дар Афғонистон, афзоиши талафоти нерӯҳои артиши ин кишвар беш аз онки ношӣ аз нотавонии онон дар ҷанг бошад, баёнгари бетаваҷҷуҳии Амрико ва НАТО ба таҷҳиз ва тақвияти артиши Афғонистон дар баробари террористҳо ва ифротгароён аст. Зеро артиши Афғонистон дар амал шуҷоат ва ғайрати худро барои муқобила бо душманони ин кишвар нишон додааст. Аммо ба гуфтаи бархе аз фармондеҳони артиши Афғонистон, Толибон дар бархе аз ҷибҳаҳо силоҳҳое ба маротиб пешрафтатар аз нерӯҳои артиши ин кишвар дар ихтиёр доранд. Масъалаи дуввум талоши Амрико ва НАТО барои баҳрабардорӣ аз вазъияти ҷибҳаҳои ҷанг ба нафъи худ бо нотавон нишон додани нерӯҳои низомии Афғонистон барои муқобила бо Толибон аст. Багунае, ки артиши Амрико дар ҳоли гусели нерӯҳои худ ба вилоятҳои мухталифи Афғонистон ба баҳонаи кумак ба артиши ин кишвар аст. Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон борҳо эълом кардааст, артиши ин кишвар беш аз ҳар чизе ба силоҳу адавоти низомӣ ниёз дорад.

Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ, истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар гурӯҳҳои яксад нафарӣ дар шаҳрҳо ва вилоёти мухталифи Афғонистон нишон медиҳад, ки Амрико ба ҳеч унвон хоҳони пешбурди раванди сулҳ дар Афғонистон нест. Зеро мухолифони мусаллаҳи давлати ин кишвар ҳамвора яке аз шароити худро барои пайвастан ба раванди сулҳ хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон эълом мекунанд. Бинобарин, ташдиди буҳрон ва ноамнӣ дар Афғонистон фурсати муносиб ва идеяи олӣ барои Амрико талаққӣ мешавад, то бо тақвияти ҳузури низомии худ дар саросари Афғонистон ин кишварро ба пойгоҳи низомии худ дар минтақа табдил кунад .

Ин дар ҳолест, ки ташдиди ҷанг дар Афғонистон барои мардуми ин кишвар паёмадҳои ғайри қобили ҷуброне ба ҳамроҳ дорад. Кушта шудани ғайринизомиён ва овора шудани мардум аз ҷумлаи паёмадҳои ташдиди ҳамалоти Толибон дар Қундуз, Ҳилманд ва Фараҳ аст.

Дар ҳамин ҳол, комиссари олии Созмони милал дар умури паноҳандагон UNHCR ҳам дар тозатарин гузориши худ бо ишора ба бозгашти муҳоҷирини афғон аз Покистон ба кишварашон эълом кард, эҳтимоли вуқуи як буҳрони инсонӣ дар Афғонистон вуҷуд дорад .

Ба гуфтаи Иво Фрайсен, раиси дафтари ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башарии Комиссари олии Созмони милал дар умури паноҳандагон, рӯзона 7400 паноҳанда аз тариқи марзҳои Покистон вориди Афғонистон мешаванд ва бисёре аз онон бесарпаноҳ ҳастанд. Бо дар назар гирифтани мушкилоти ин теъдод аз муҳоҷирин, ки аз Покистон бармегарданд ва касоне, ки бадалели ташдиди ҷанг аз сӯи Толибон хонаву кошонаи худро раҳо карда ва аз вилояти худ мегурезанд, вазъияти нигаронкунандае ба лиҳози инсонӣ дар Афғонистон ҳоким шудааст. Зеро 60 дарсади муҳоҷирини бозгашта ва оворагонро кӯдакону занон ташкил медиҳанд, ки башиддат ба ғизо, оби ошомидании беҳдоштӣ, сарпаноҳ ва хадамоти рифоҳӣ ниёз доранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он бетаваҷҷуҳ аст.