Январ 18, 2021 14:32 Asia/Dushanbe

Гуруҳе аз мардуму ҷавонони Судон дар эътироз ба оддисозии робитаҳои Хартум ва Тел-Авив дар назди бинои Шуроии вазирони Судон гирдиҳамоӣ барпо карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузорӣ Эронпресс , нерӯҳои мардумӣ барои муқовимати Судон асри якшанбе дар таҷаммуъи эътирозомези худ шиъорҳои зидди давлати Судон сар доданд ва таҳдид карданд , тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар ҳамаи иёлатҳои ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

 Судон пас аз Амороту Баҳрайн сеюмин кишваре буд, ки ба самти оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ҳаракат кард.

 Пас аз Судон , Марокаш низ бо режими Исроил равобити дипломатӣ барқарор кард.

Оддисозии равобити бархе кишварҳои исломӣ бо режими саҳюнистӣ бо интиқоди густардаи дигар кишварҳои мусулмонӣ рӯбарӯ шуда аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп