Байден асноди қатли Хошуқҷиро мунташир мекунад
(last modified Wed, 20 Jan 2021 14:37:35 GMT )
Январ 20, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Эврил Хэйнс номзади раёсати идораи иттилооти миллии Амрико дар давлати Байден аст
    Эврил Хэйнс номзади раёсати идораи иттилооти миллии Амрико дар давлати Байден аст

Номзади пешниҳодии Байден барои раёсати идораи иттилооти миллии Амрико гуфт, давлати оянда асноди марбут ба қатли хабарнигори мухолифи саудиро аз ҳолати маҳрамона хориҷ мекунад.

Рӯзномаи англисии «Гордиян» бо интишори изҳороти Avril Haines дар бораи тасмими давлати Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико барои хориҷ кардани гузоришҳои марбут ба қатли Хошуқҷи аз табақаи асноди маҳрамона навишт: Ин тасмим ба маънии он аст, ки Амрико қасд дорад Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистонро расман ба унвони муқассири қатли ин хабарнигори мухолифи саудӣ таъйин кунад.

Эврил Хэйнс рӯзи сешанбе барои тасоҳуби унвони раёсати идораи иттилооти миллии Амрико ва дарёфти раъйи эътимоди сенаторҳо дар сенат ҳузур ёфта буд.

Ба гуфтаи Ron Wyden, сенатори амрикоӣ, дар сурати таъйиди салоҳияти Хэйнс дар Конгресс, вай ба унвони раиси идораи иттилооти миллии Амрико метавонад фавран ба пинҳонкории беш  аз ҳад ва беқонуниҳои давлати Трамп поён диҳад ва гузоришҳои марбут ба масъулони қатли Ҷамоли Хошуқҷиро мунташир кунад.

Агнес Калламард, гузоришгари вижаи Созмони Милал ҳам пас аз изҳороти Хэйнс, нисбат ба интишори ҷузъиёте аз ин ҳодиса, азҷумла маҳалли нигаҳдории бақияи ҷасади Хошуқҷи ибрози умедворӣ кард.

Ҷамоли Хошуқҷи дувуми октябри 2018 дар дохили консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия ба тарзи фоҷеабор ба қатл расид ва ҷасадаш қитъа -қитъа шуд.

Арабистон 18 рӯз дар бораи вуқуи ин қатл сукут ва инкор кард то ин ки гузоришҳои давлати Туркия ва Ожонси иттилооти марказии Амрико (СИА) собит кард, қатли Хошуқчи ба дастури мустақими Муҳамад бин Салмон, валиаҳди саудӣ анҷом гирифтааст.

 

Бештар бихонед: