Январ 21, 2021 20:14 Asia/Dushanbe
  • Парчами Амрико ба оташ кашида шуд

Андаке пас аз маросими савганди раиси ҷумҳури ҷадиди Амрико дар Кохи сафед , муътаризон ба табъизи нажодӣ , муқобили Конгресс дар иёлати Колорадо , парчами Амрикоро оташ заданд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, муътаризон ба табъизи нажодӣ ибтидо бо таҷаммуъ дар шаҳри Дневр воқеъ дар иёлати Колорадо , тавонистанд ба рағми баста будани роҳ ба  Конгресс тавассути нерӯҳои полис , худро ба ин маҳал расонданд.

 Як гурӯҳи мусаллаҳи дигар таҳдид карда буд, ки дар эътироз ба маросими савганд , дар ин маҳал таҷаммуъ хоҳад кард.

 Яке аз муътаризон далели ба оташ кашидани парчами Амрикоро афзоиши табъизи нажодӣ ва беадолатӣ дар ҷомеъаи Амрико унвон карда аст.

 Ҷо Байден-раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ пас аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико ваъда дод, ки нажодпарастии систематикиро решакан кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки Амрико ҳаргиз мутобиқ бо асли бунёнгузории он яъне « тамоми мардум яксон офарида шудаанд » пеш нарафта асту пайравӣ накардан аз он ҳамчунон ба қаввати  ҳарчӣ тамомтар барҷой монда аст.

 Дар айни ҳол иқрори Байден ба вазъияти ноҳанҷору зиддиинсонии сиёҳон ва нажодпарастии низомманд дар Амрико , он ҳам дар кишваре, ки даъвои пештозӣ дар заминаи ҳуқуқи башар дар ҷаҳонро дорад , парда аз воқеъияти талх дар ҷомеъаи Амрико бармедорад.

 Дар воқеъ табъизи нажодӣ , омӯзишӣ , шуғлӣ , иҷтимоӣ ва низ хушунат алайҳи сиёҳпустон , ба равияи оддӣ табдил шуда аст.

 

Барчасп