Январ 25, 2021 19:11 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Вашингтон аз тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Русия мавҷи ҷадиди ихтилофотро байни ду кишвар эҷод кардааст
    Ҳимояти Вашингтон аз тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар Русия мавҷи ҷадиди ихтилофотро байни ду кишвар эҷод кардааст

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия аз эҳзори Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Маскав ба Вазорати умури хориҷаи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова рӯзи душанбе ба шабакаи аввали телевизиони Русия гуфт, ки Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия эътирози Маскавро дар робита бо ҳимояти сафорати Амрико аз эътирозоти ғайриқонунӣ дар Русия ба Ҷон Салливан - сафири Амрико эълом кард.

Ба гуфтаи Захарова, ба дипломати амрикоӣ эълом шуд, ки бояд қонунҳои Русия ва меъёрҳои дипломатии ин кишвар муҳтарам шумурда шавад ва тарафи русӣ ин иқдомоти Амрикоро мудохилаи ошкор дар умури дохилии Русия медонад.

Мария Захарова шанбешаб низ ба таври мустақим аз канали Ютюб гуфт: Кормандони сафорати Амрико на танҳо нақшае аз масирҳои иқдомоти ғайриқонунӣ, балки иборати «вуруд ба Кремл» -ро низ мунташир кардаанд.

Равобити Русия ва Амрико ба шиддат тира аст ва Иёлоти Муттаҳида аз соли 2014 беш аз 90 бастаи таҳримӣ дар мавриди Русия ва садҳо шаҳрванду ширкатҳои русӣ ҷорӣ кардааст.

Мавҷи ҷадиди таниш дар равобити Русия ва Амрико ахиран бо ҳимояти Вашингтон аз тазоҳурот дар Русия ба хотири дастгирии Алексей Навалний, мунтақиди аслии давлати Русия ба вуҷуд омад.

Ҳазорон нафар аз ҳаводорони Алексей Навалний рӯзи шанбе дар Маскав ва чандин шаҳри дигари Русия бо барпоии тазоҳурот хостори озодии ӯ шуданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп