Толибон: Ҳеч узве аз Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад
(last modified Wed, 27 Jan 2021 14:53:37 GMT )
Январ 27, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Муҷоҳид: Пас аз соли 2001 аъзои Алқоида аз Афғонистон ба кишварҳои худ бозгаштаанд
    Муҷоҳид: Пас аз соли 2001 аъзои Алқоида аз Афғонистон ба кишварҳои худ бозгаштаанд

Сухангӯи Толибон бо радди иддаои Вазорати хазонадории Амрико дар хусуси ҳузури Алқоида дар ин гурӯҳ гуфт, ки акнун ҳеч узве аз Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад.

Ба гузориши Алолам, Вазорати хазонадории Амрико чанде пеш дар гузорише аз ҳузур ва фаъолияти аъзои Алқоида дар миёни Толибон хабар дода буд.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид дар баёнияе бо радди қавии ин мавзуъ таъкид кард, ин гузориш бар асоси иттилооти нодуруст аз сӯи ҳалқаҳои муғризу ҷангталаб таҳия шудааст.

Вай афзуд: Пас аз соли 2001, ки дар Афғонистон ҷангҳои густарда оғоз шуд ва дар пайи он дар баъзе кишварҳои арабӣ таҳаввулоте падид омад, аъзои созмони Алқоида, ки аз пеш дар Афғонистон зиндагӣ мекарданд, ба кишварҳои худ бозгаштанд.

Муҷоҳид идома дод: Акнун низ ҳеч як аз аъзои Алқоида дар Афғонистон ҳузур надорад ва ба ҳузури атбои кишварҳои дигар низ ниёзе нест.

Сухангӯи Толибон дар поён таъкид кард, ки Толибон амалӣ кардани комили Паймони Доҳаро роҳи ҳалле маъқул барои мушкили кунунии Афғонистон медонад ва ба тамоми муҳтавои Паймони Доҳа мутааҳҳид мемонад ва ба ҳеч кас иҷоза нахоҳад дод, ки аз хоки Афғонистон барои Амрико ва муттаҳидони ин кишвар таҳдиде эҷод кунанд.

 

Бештар бихонед: