Ҳушдори Путин ба мухолифон
(last modified Wed, 27 Jan 2021 14:57:25 GMT )
Январ 27, 2021 19:57 Asia/Dushanbe
  • Путин: ҳар иқдоме хориҷ аз чорчӯби қонун хатарнок аст
    Путин: ҳар иқдоме хориҷ аз чорчӯби қонун хатарнок аст

Баргузории тазоҳурот ва таҷаммуъоти ғайри қонунӣ дар Русия ба баҳонаи мухолифати бо дастгирии Алексей Навалний, саркардаи мухолифони давлати Русия, ки бо ҳимояти ҳамаи ҷонибаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ҳамроҳ шуда, вокуниши Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро муҷиб шудааст.

Владимир Путин рузи 25 январ дар нишастии он-лайн бо гуруҳе аз донишҷӯёни Русия, бо интиқод аз касоне, ки барои расидан ба аҳдофи сиёсии худ, эътирозоти хиёбонӣ роҳ меандозанд, гуфт: «ҳамаи мардум ҳақ доранд нуқтаи назароти худро дар чорчӯби таъин шуда дар қавонини кишвар иброз кунанд. Вале ҳар иқдоме, ки хориҷ аз чорчӯби қонун анҷом шавад, на танҳо созанда нахоҳад буд, балкӣ хатарнок аст.»

Ишораи раисиҷумҳури Русия ба талоши густардаи мухолифон барои ташвиқи мардуми ин кишвар ба шӯриш ба баҳонаи эътироз ба дастгирии Алексей Навалний аст.

Дар Маскав ва бисёре аз шаҳрҳои Русия эътирозоти ғайримуҷоз ва ҳамоҳанг нашудае бо мақомоти масъул дар ҳимоят аз Навалний, ки ҳафтаи гузашта пас аз бозгашт аз Олмон, дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд, баргузор шуд.

Додстонӣ ва пулиси Русия аз қабл нисбат ба масъулияти шаҳрвандон ба далели ширкат дар ин иқдоми ғайриқонунӣ ҳушдор дода буданд.

Дар воқеъи мухолифон, ки дар солҳои ахир, ақибгардҳое мутаволиро мутаҳаммил шудаанд бо дастгирии Навалний ба гумони худ фурсатро муносиб дида ва бо ҳимоятҳои ошкор ва пинҳони ғарбиҳо бавижа Амрико талош бар эҷоди нооромӣ ва бесаботии сиёсӣ дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия карданд. Ин иқдом бо вокуниши қотеъи полису нерӯҳои амниятии Русия мувоҷеҳ ва ба дастгирии чандсад нафар аз мутаъризон мунтаҳӣ шуд.

Ҳадафи муътаризон, ки бо ҳидояти ғарбиҳо ин гуна иқдомотро сомон медиҳанд ин аст, ки бо беқонунӣ ва эътирозотӣ, ки метавонад ба суръат табдил ба тазоҳуроте хушунатбор ва хунин шавад, ҷомеъаро дучори илтиҳоб карда ва дар айни ҳол бо падидаи қурбонисозии мардуми оддӣ, онро ба масобеҳи дастовезе ба манзури тадовуми иқдомоти худ мавриди истифода қарор диҳанд. Путин дар ин замина ёдовар шуд, ки дар таърихи Русия борҳо ҳаводисе рух дода, ки авзоъ аз чорчӯби қонун хориҷ шуда ва мунҷар ба фосила байни ҷомеъа ва давлат гардида, ки аз ин масаъла, на фақат афроди даргир дар ин руйдод, балки мардуме, ки ҳеч иртиботе бо авзоъ надоштанд ҳам осеб дида‌анд.

Аз дидгоҳи Путин сиёсатмадорони ғарбгаро монанди Навалний ва ҳаводорони вай талош мекунанд аз мардуми одӣ истифодаи абзорӣ намоянд. Вай таъкид кард, ки сиёсатмадорон бо масъулият набояд барои таҳаққуқи аҳдоф ва баландпарвозиҳои сиёсии худ, мардумро ба эътирозоти густардаи хиёбонӣ бикашонанд ва чунин сиёсате муваффақ нахоҳад буд. Путин ҳамчунин таъкид кард, ки ба ҳеч унвон набояд кудаконро ба самти чунин ҷараёноте суқ дод.

Ғарбиҳо бавижа Амрико дар солҳои ахир мустақиман ва ба таври ошкор зимни ҳимояти ҳамаҷониба аз сарони мухолифони давлати Русия, ба мудохила дар умури дохилии Русия ва ташвиқи мардуми ин кишвар барои барпоии тазоҳурот ва эътирозот бавижа дар бурҳаҳои пас аз баргузории интихобот дар Русия пардохтаанд. Иқдомоте, ки бо ҳадафи эҷоди бесуботӣ, афзоиши эътирозот ва дар ниҳоят эҷоди замина барои шаклгирии таҳаввулоти матлуби худ дар Русия сурат мегирад. Бо рӯи кор омадани давлати Байден дар Амрико акнун ин масъала пуррангтар шудааст.

Ба гуфтаи Маҳдии Саноӣ, коршиноси масоили Русия, эътиқод бар ин аст, ки Байден ва тарафдорони ӯ дар душманӣ бо Русия росихтаранд ва мушкили идеологӣ ҳам бо Русия доранд.

Ҳадафи онҳо барандохтани Инқилоби рангӣ дар Русия ва дар ниҳоят тағйири давлат дар паҳновартарин кишвари ҷаҳон ва рӯи кор овардани раҳбарони сиёсии ҳамгом бо худ дар Русия аст. Ба ҳамин далели сиёсати давлати Русия маҳдуд кардани эътирозот ва таҷаммуъот буда ва ин сиёсат аз соли 2012 оғоз шуда ва аз соли 2014 ва бо эъмоли таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ташдид шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: