Январ 30, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Пешбинии вазири беҳдошти Русия аз корона дар Русия

Вазири беҳдошти Русия гуфт, ки раванди густариши вируси корона дар ин кишвар то ду моҳи оянда фурӯкаш мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Михаил Морашко дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: “моҳҳои феврал ва март дар вазъияти шуюи корона дар Русия муҳим ва таъинкунанда хоҳанд буд.

Вай бо баёни инки тамоми талошҳои мумкинро барои муқобила бо корона бакор мегирем изҳор кард, пас аз моҳи март, корона дар Русия рӯ ба коҳиш хоҳад гузошт.

Вазири беҳдошти Русия ёдовар шуд, ки акнӯн тахтҳои бемористонӣ барои бистарӣ кардани беморони коронаӣ дар Русия ба андозаи кофӣ вуҷӯд дорад ва салоҳ медонем, ки ҳатто дар шароите, ки ҳоли беморони коронаӣ вахим нест дар бемористон бистарӣ шаванд, зеро ин иқдом барои пешгирӣ аз густариши вируси корона муҳим ва муассир хоҳад буд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ҳайати давлати ин кишвар гуфта буд, ки иқдомҳои анҷом шуда дар ин кишвар барои муқобила бо вируси корона ба таври куллӣ натоиҷи мусбате ба ҳамроҳ дошта ва ин бемории ҳамагир дар ҳоли ақибнишинӣ аст.

Русия 3 миллиону 813 ҳазор нафар ба Ковид 19 мубтало шуда ва 72 ҳазору 185 нафар низ ҷон худро аз даст додаанд.

 

 

Барчасп