Инфиҷор дар наздикии сафорати режими саҳюнистӣ дар пойтахти Ҳинд + Филм
(last modified Sat, 30 Jan 2021 09:51:54 GMT )
Январ 30, 2021 14:51 Asia/Dushanbe

Як бомби дастсоз дар фосилаи 50 метрии сафорати режими саҳюнистӣ дар Деҳлии Нав мунфаҷир шуд.

Ба гузориши ИРНА, як мақоми полиси маҳаллӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса ба касе осибе нарасидааст.

Дастгоҳи инфиҷорӣ дохили гулдоне дар пиёдарави наздики сафорати режими саҳюнистӣ қарор дода шуда буд.

Канал‌ҳои телевизиюнии маҳаллӣ гузориш додаанд, ки ин инфиҷор мунҷар ба шикаста шудани панҷараҳои 5 худрав шуд.

Инфиҷори рӯзи ҷумъа дар Деҳлии Нав замоне рух дод, ки Ram Nath Kovind ва Нарендра Моди, раисиҷумҳур ва нахуствазири Ҳинд дар маросими низомӣ дар як километрии маҳал ҳузур доштанд.

Минтиқаҳ‌ое, ки инфиҷор дар он рух додааст ҳамвора таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дорад.

Jerusalem Post ба нақл аз як мақоми режими саҳюнистӣ навишт, ки ин инфиҷор иқдоми террористӣ будааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: