Лавров: Амрико таклифи худро дар мавриди БарҶом зудтар мушаххас кунад
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом кард: Тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, мавсум ба БарҶом ба замони ҳассосе расидааст ва умедворем, ки Амрико ҳар чӣ зудтар барои иқдомоти ояндаи худ дар мавриди ин тавофуқи байналмилалӣ ба натиҷагирии мушаххасе бирасад.
Ба гузориши ИРНА, Лавров рӯзи ҷумъа дар нишасти матбуотии муштарак бо Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт: Мо ба ҳамкорӣ дар чорчӯби БарҶом барои ҳаллу фасли мавзӯи барномаи ҳастаии Эрон идома медиҳем.
Вай ибрози умедворӣ кард, ки дар ин арса давлати Амрико ба унвони кишваре, ки дар музокироти барномаи ҳастаии Эрон ҳузур дошт ва БарҶомро имзо кард, мушаххас кунад, ки то чӣ андоза метавонад ба ин санади муҳими байналмилалӣ, ки дастоварди дипломатии чандҷониба аст, бозгардад.
Лавров таъкид кард, ки кишвараш омодагӣ дорад барои эҳёи тавофуқи ҳастаии Эрон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ кунад.
Аз сӯйи дигар, пойгоҳи хабарии амрикоии “Axios”, ба нақл аз манобеи огоҳ гузориш дод, Кохи Сафед имрӯз - ҷумъа ҷаласаи кумитаи мудирони Шӯрои амнияти миллии Амрикоро бо меҳварияти барномаи ҳастаии Эрон ташкил медиҳад.
Бозгашт ба БарҶом яке аз ваъдаҳои интихоботии Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико будааст.
Ҷумҳурии исломии Эрон, ки баъд аз хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бар асоси маҳтавои тавофуқи ҳастаӣ бархе иқдомоти худ, аз ҷумла ғанисозии 20 дарсадии уранро оғоз карда, ҳамвора эълом кардааст, дар сурати бозгашти беқайдушарти Амрико ба БарҶом, тааҳҳудоти худро дар ин замина ба таври комил иҷро хоҳад кард.
Бештар бихонед:
- Эрон барои бозгашти Амрико ба БарҶом шарт гузошт
- Таваққуфи иҷрои протоколи илҳоқӣ: Гоми баъдии Эрон дар баробари кӯтоҳии тарафҳои БарҶом
- Тахтиравончӣ: БарҶом замимаи Қатъномаи 2231-и Шӯрои амният аст