Давлати Афғонистон: Дигар ҳаргиз зиндониёни Толибонро озод намекунем
-
Солеҳ: Озодии зиндониёни Толибон барои нишон додани ҳусни ният сурат гирифт
Муовини раиси ҷумҳурии Афғонистон бо баёни ин ки 85 дарсад аз зиндониёни озодшудаи Толибон ба майдони ҷанг бозгаштаанд, таъкид кард, ки дигар зиндониёни ин гурӯҳ озод нахоҳанд шуд.
Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали Ашраф Ғанӣ бо интишори паёме дар Твиттер, Толибонро ба нақзи тавофуқномаи Қатар муттаҳам кард ва гуфт: Озодии зиндониёни ин гурӯҳ барои нишон додани ҳусни ният сурат гирифт, аммо ин иқдом “дигар ҳаргиз” анҷом нахоҳад шуд.
Толибон, ки дар тавофуқномаи Қатар мутааҳҳид шудааст зиндониёни ин гурӯҳ пас аз озодӣ дигар ба майдони ҷанг бознамегарданд, пеш аз ин бо радди изҳороти мақомоти давлатии Афғонистон муддаӣ шуда буд, ки зиндониёни озодшуда ба хонаҳои худ бозгаштаанд ва зарурате ба ҳузури онҳо дар майдони ҷанг нест.
Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон ҳам дар бораи ин иттиҳомоти давлат таъкид кардааст, ки санаде дар бораи бозгашти зиндониёни озодшудаи Толибон ба майдони ҷанг вуҷуд надорад.
Бар асоси тавофуқномаи Қатар ва машрут ба пойбандии Толибон ба тааҳҳудоташ, давлати Афғонистон бояд раванди озодии зиндониёни ин гурӯҳро идома диҳад, номҳои сарони Толибон аз феҳристи таҳримҳои Созмони Милал хориҷ шавад ва нерӯҳои хориҷӣ низ хоки Афғонистонро тарк кунанд.
Бештар бихонед:
- Озодии 43 нафар аз зиндони Толибон дар Афғонистон
- Таъйиди ниҳоии ҳукми озодии зиндониёни Толибон аз сӯйи давлати Афғонистон
- Дастури Ашраф Ғанӣ барои озодии ҳазору 500 зиндонии Толибон