Феврал 12, 2021 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли маҳмулаи дувуми ваксинаи коронаи русӣ ба Эрон
    Ирсоли маҳмулаи дувуми ваксинаи коронаи русӣ ба Эрон

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Русия эълом кард, ки дувумин маҳмулаи ваксинаи русӣ, мавсум ба “Спутник Ви” имрӯз - ҷумъа бо як парвози ихтисосӣ ба Теҳрон ирсол шуд.

Сайид Козими Ҷалолӣ дар гуфтугӯ бо ИРНА афзуд: Маҳмулаи дувуми ваксинаи коронаи русии “Спутник Ви” тибқи ваъдаи мақомоти беҳдоштии рус панҷшанбешаб таҳвили Сафорати Эрон ва имрӯз- ҷумъа бо як парвози ихтисосӣ ба Теҳрон ирсол шуд.

Вай гуфт: Тибқи барнома маҳмулаи сеюм низ 30 исфанд ирсол мешавад ва маҳмулаҳои баъдӣ ба ҳамин ривол ҳар ду ҳафта як бор то расидан ба ду миллион дозаи комил идома хоҳад ёфт.

Ҷалолӣ изҳор дошт: Дар сафари ҳайати Вазорати беҳдошти Эрон дар ҳафтаи ҷорӣ гуфтугӯҳои хубе байни мақомҳои Вазорати беҳдошти Эрон ва Русия анҷом гирифт, ки метавонад нуқтаи қобили таваҷҷуҳе дар равобити ду кишвар дар арсаи беҳдошту дармон бошад.

Ҷалолӣ гуфт: Эрон аҳамияти вижае барои ҳамкориҳои беҳдоштиву дармонӣ бо Русия қоил аст ва ба ҳамин далел ҳайате дар чунин сатҳ эъзом кардааст, ки инро нуқтаи атф медонем.

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи тавофуқи Теҳрону Маскав дар заминаи тавлиди муштараки ваксинаи “Спутник Ви” дар Эрон гуфт: Бисёр зудтар аз он чӣ тасаввур мешуд, Эрон ва Русия дар заминаи тавлиди муштараки ваксина ба тавофуқ расиданд ва ба зудӣ тавлиди ваксинаи “Спутник Ви”дар Эрон оғоз мешавад.

Ҷалолӣ афзуд: Бо оғози тавлиди ваксина дар кишварамон, Ҷумҳурии исломии Эрон метавонад илова бар ваксинатсияи шаҳрвандони эронӣ, ниёзи кишварҳои ҳамсояро низ бартараф кунад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп