Феврал 18, 2021 14:42 Asia/Dushanbe
  • Ҳафт маҷрӯҳ дар пайи тирандозӣ дар Филаделфия
    Ҳафт маҷрӯҳ дар пайи тирандозӣ дар Филаделфия

Дар пайи як тирандозӣ дар Филаделфия, полиси Амрико аз захмӣ шудани ҳадди аққал ҳафт нафар хабар дод ва гузоришҳои таъйиднашуда аз кушта шудани як нафар ҳикоят дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, теъдоди зиёде аз нерӯҳои полис дар ин минтақа ҳозир шуда ва маҳалли ҳодисаро муҳосира кардаанд. 

Бар асоси ин гузориш,  ин тирандозӣ дар наздикии истгоҳи Унлӣ рух додааст. 

Гузоришҳои аввалия ба кушта шудани ҳадди ақал як нафар ишора мекард, вале полиси Филаделфия бидуни таъйиди ин хабар, гуфт ки дар ҳоли талош барои таъини вазъияти тамоми қурбониёни ин ҳодиса аст.

Тамоми маҷрӯҳон ба бемористонҳои Филаделфия мунтақил шуданд, аммо ҳанӯз гузорише аз зинда мондан ё ҷон бохтани онҳо мунташир нашудааст.

Полиси Амрико як нафарро дар саҳнаи тирандозӣ боздошт карда ва ду қабзаи силоҳро низ мусодира кардааст. 

Қонунӣ будани нигаҳдорӣ ва ҳамли силоҳ дар Амрико, далели афзоиши хушунатҳои мусаллаҳона дар ин кишвар қаламдод мешавад.  
  

 Лоббияи силоҳ дар ин кишвар он қадар пурқудрат аст, ки Конгресси ИМА ҳозир нест барои маҳдуд кардани ҳамли силоҳи қонунӣ тасвиб кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп