Роҳандозии як шуъбаи Донишгоҳи Алазҳар дар ҷумҳурии худмухтори Чеченистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i6250-Роҳандозии_як_шуъбаи_Донишгоҳи_Алазҳар_дар_ҷумҳурии_худмухтори_Чеченистон
Идораи динии мусалмонони Чеченистон эълом кард: Раиси донишгоҳи Алазҳари Миср барои роҳандозии як шуъба аз ин донишгоҳ дар ҷумҳурии худмухтори Чеченистон бо идораи мусалмонони ин ҷумҳурӣ ба тавофуқ расид.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 19, 2016 11:40 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии як шуъбаи Донишгоҳи Алазҳар дар ҷумҳурии худмухтори Чеченистон

Идораи динии мусалмонони Чеченистон эълом кард: Раиси донишгоҳи Алазҳари Миср барои роҳандозии як шуъба аз ин донишгоҳ дар ҷумҳурии худмухтори Чеченистон бо идораи мусалмонони ин ҷумҳурӣ ба тавофуқ расид.

Ба иттилои хабаргузории Ирно, бар асоси ин хабар ҳайъате аз ҷумҳурии худмухтори Чеченистон ба раёсати муфтӣ Салоҳ Межие бо Аҳмад Алтайиб Шайх Алазҳар дар Ҳамоиши байналмилалии Афтои Қоҳира дидор ва дар бораи афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳандозии як шуъба аз Донишгоҳи улуми исломии Алазҳар дар ин ҷумҳурӣ гуфтугӯ карданд.

Ҳамоиши байналмилалии Афто дар ду рӯзи гузашта бо ҳузури раҳбарони динӣ ва намояндагони 80 кишвари ҷаҳон дар Қоҳира баргузор шуд.