Феврал 21, 2021 15:31 Asia/Dushanbe
  • Русия нахустин кишвар дар ҷаҳон буд, ки ваксинаи Ковид 19- ро бо номи «Спутник V » сабт  кард
    Русия нахустин кишвар дар ҷаҳон буд, ки ваксинаи Ковид 19- ро бо номи «Спутник V » сабт кард

Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия, ки дастандаркори таъмини молии тарҳи тавлиди ваксинаи Спутник V аст барои ҳамкорӣ бо Амрико дар тавлиди муштараки ваксинаи корона эъломи омодагӣ кард.

Крилл Димитрев рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии Россия 24 гуфт : Омехта кардани бахшҳое аз ваксинаи Спутник V бо ваксинаҳои амрикоии Модерн ва Файзер ин ваксинаҳоро муассиртар мекунад ва бо чунин талфиқе аз ваксинаҳо метавон ба таври муассиртар бо анвоъи тағйири моҳиятёфтаи вируси корона мубориза кард .

  Раиси Сандуқи сармоягузории мустақими Русия тасреҳ кард, ки бисёре аз кишварҳо хоҳони дарёфти ваксинаи Спутник V ҳастанд ва ин ваксина то кунун дар 31 кишвар сабт шудааст .

  Русия нахустин кишвар дар ҷаҳон буд, ки ваксинаи Ковид 19-ро бо номи «Спутник V» сабт кард, ки мизони масуниятзои он 91 дарсад эълом шудааст .

  То кунун хабарҳои зиёде дар бораи мавориди фавт ва аломатҳои шадид баъд аз тазриқи ду ваксинаи Модерн ва Файзер дар Амрико ва кишварҳои дигаре, ки истифода аз ин ваксинаҳоро таъйид кардаанд, гузориш шудааст . Таъхир дар тақсим ва гузоришҳои гуногун  дар мавриди асароти манфии ваксинаҳои амрикоӣ ва британияӣ  мӯҷиби истиқболи бештари кишварҳои ҷаҳон барои дарёфти ваксинаҳои русӣ ва чинӣ шудааст.

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп