Феврал 21, 2021 19:01 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи фирори молиётии Трамп дар Манхэттен
    Парвандаи фирори молиётии Трамп дар Манхэттен

Додситони минтақаи Манхэттен, идораи молиётӣ бар амлоки Ню-Йоркро дар парвандаи фирори молиётии раиси ҷумҳурии собиқи Амрико иҳзор кард.

Ба гузориши радиои Тоҷикии Садои Хуросон, идораи  додситони минтақаи Манҳеттен, ки парвандаи кайфарии ширкат Трампро ба иттиҳоми фирори молиётӣ дар дасти баррасӣ дорад, дар нахустин гом,  барои идораи молиёт бар амлоки Ню-Йорк эҳзор содир кард. 

Эҳзори содира ба камиссиюни молиёти шаҳри Ню-Йорк нишондиҳандаи он аст, ки Си Вэнси Ҷониюр, додситони минтақаи Манҳеттен дар ҳоли баррасии ҷузъиёти молиётии амлоки тиҷории Трамп ва асноди ахази воми онҳост. 

 Бар асоси ин гузориш, ин даъват дар канори иттилооте, ки қаблан аз талабкорон касб шудааст,  идораи молиёти Ню-Йоркро водор ба ироаи ҷузъиёт дақиқи даромад ва ҳазинае мекунад, ки созмони Трамп эҳтимолан дар талош барои коҳиши арзиши дороии худ бо ҳадафи фирор аз молиёти бархе аз амлоки тиҷории худ ва низ афзоиши арзиши дороии худ дар замони дарёфти вом ироа кардааст. 

Дороиҳои Трамп, ки дар ин парванда дар дасти баррасӣ ҳастанд шомили бурҷи Трамп ва Трамп плаза мешаванд.   

Рӯзномаи Ню-Йорк таймс чанде пеш бо истинод ба асноди молиётӣ эълом кард: Доналд Трамп, ки худро як миллиардери муваффақ медонад дар соли 2016 танҳо 750 доллар молиёт додааст!

Бар асоси гузориши ин нашрия, Трамп дар 10 сол аз 15 соли ахири ҳеч молиёт бар даромаде пардохт накардааст,  зеро ба маъмурони молиётӣ эълом карда бештар аз он ки суд кунад,  дар ин муддат зиён дидааст. 

 

Бештар бихонед:

Барчасп