Мухолифати давлати Афғонистон бо барпоии низоми «Иморати исломӣ»
(last modified Mon, 22 Feb 2021 06:58:12 GMT )
Феврал 22, 2021 11:58 Asia/Dushanbe
  • Дар “Иморати исломӣ”-и Толибон, мардум ҳаққе адр ҳукумат надоранд
    Дар “Иморати исломӣ”-и Толибон, мардум ҳаққе адр ҳукумат надоранд

Давлати Афғонистон бар иттифоқи назари кишварҳои асаргузори минтақа ва ҷаҳон бар адами табдили сохтори сиёсии ин кишвар ба “Иморати исломӣ” таъкид кард.

Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷаи Афғонистон дар дидори шуморе аз пажӯҳишгарони ин кишвар гуфт, барои ҳифз ва тақвияти иҷмоъи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи идомаи муборизаи муштарак бо терроризм, ҳифзи дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мардуми Афғонистон ва ҳамчунин расидан ба як роҳи ҳалли сиёсии созгор бо иродаи озоди мардум, тақвияти ягонагии миллӣ муҳим аст. 

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон, барномаи музокироти сулҳи Толибонро намоише барои фареби азҳони умумӣ хонд.

Таъкиди вазири хориҷаи Афғонистон бар мухолифат бо барпоии низоми “Иморати исломӣ” дар ин кишвар, ки Толибон онро дар раванди музокироти сулҳ ба унвони ҳадафи аслии худ дунбол мекунанд, ҳокӣ аз адами мувофиқати давлати Афғонистон бо модели мавриди назари ин гурӯҳ барои ояндаи низоми сиёсӣ аст.

Толибон борҳо эълом кардааст, ки давлати Афғонистон ва қонуни асосии ин кишварро ба расмият намешиносанд ва тавофуқи сулҳ бояд ба шаклгирии “Иморати исломӣ” дар Афғонистон мунҷар шавад.

Исрори Толибон бар тағйири низоми ҳукуматии Афғонистон ба низоми “Иморати исломӣ” дар ҳоле аст, ки миллат ва давлати ин кишвар борҳо эълом кардаанд, ки тавофуқи сулҳ набояд ба баҳои аз даст рафтани қонуни асосӣ ва демократия ва бозгашт ба низоми ҳукуматии ин гурӯҳ анҷом шавад.

Дар ҳамин росто, чанде пеш ҳазороннафар аз шаҳрвандони пойтахти Афғонистон бо сардодани шиорҳое «зинда бод ҷумҳурият» ва «на ба иморат ва муваққа » аз идомаи истиқрори низоми Ҷумҳурии исломии Афғонистон, нерӯҳои амниятӣ ва арзишҳои қонуни асосӣ эъломи ҳимоят карданд.

Пофишории Толибон бар барпоии “Иморати исломӣ” дар Афғонистон дар ҳоле аст, ки таҳаққуқи эҳтимолии он мӯҷиби нақзи бандҳои сарнавиштсози қонӯни асосӣ, аз ҷумла ҷумҳӯрият хоҳад шуд, ки зербинои шаклгирии қудрат дар ин кишварро ношӣ аз иродаи мардум ва мушорикати онон дар истимрори ин раванд тарсим кардааст.

Дар модели мавриди назари Толибон барои барпоии “Иморати исломӣ”, мардум нақше дар ҳукумат ва эъмоли ҳақи таъини сарнавишт надоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки низоми ҷумҳурӣ, ки қонӯни асосии Афғонистон онро ҷавҳари низоми сиёсии ин кишвар таъриф кардааст, мардуммеҳвар аст ва интихобот абзоре муҳим дар ин модели ҳукуматӣ барои ҷилавгирӣ аз савқ(кашондан)-и ҳукӯмат ба сӯи истибдод аст.

Дар шароите, ки мардуми Афғонистон дар давраи ҳукумати худкомаи Толибон ва паёмадҳои мухарриби он бар арсаҳои мухталифи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро таҷруба кардаанд, қотеъона бо ҳар гӯна тарҳи сулҳе, ки ба бозгашти ин модел аз ҳукумат ба кишварашон бианҷомад, мухолифанд ва аз давлати Афғонистон хостаанд аз тамоми усӯли қонуни асосӣ ва ба хусӯс асли ҷумҳурият дар раванди музокирот бо Толибон барои хотимаи ҷанг ва истиқрори сулҳ дифо кунанд.

Бар асоси коршиканиҳои мутаъаддиди Толибон дар раванди музокироти сулҳи Афғонистон аст, ки муовини аввали раиси ҷумҳури ин кишвар, ҳузури ин гурӯҳ дар ин гуфтугӯҳоро намоише барои фиреби афкори умумӣ дониста аст.

Ба назар мерасад то замоне, ки Толибон аз мавозеъи сохторшиканонаи худ, аз ҷумла тағйири қонуни асосӣ ва истиқрори низоми “Иморати исломӣ” дар Афғонистон фосила нагирад бунбаст дар раванди музокироти сулҳ байни ин гурӯҳ ва давлати ин кишвар ҳамчунон идома хоҳад ёфт ва фурсати пеш омда барои поён додан ба солҳо хушунат ва даргирӣ дар Афғонистон аз даст меравад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: