Март 01, 2021 19:30 Asia/Dushanbe
  • Песков: Путин омода аст дар бораи масоили мавриди ихтилоф бо Амрико ба ройзанӣ бинишинад
    Песков: Путин омода аст дар бораи масоили мавриди ихтилоф бо Амрико ба ройзанӣ бинишинад

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Русия рӯзи душанбе аз омодагии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии ин кишвар барои гуфтугӯ бо Амрико дар хусуси равобити дуҷониба хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории «Форс», Димитрий Песков дар нишасти хабарӣ дар Кремл гуфт: Путин омода аст то дар бораи масоили мавриди ихтилоф бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Амрико ба ройзанӣ бинишинад, аммо кишварҳои муқобил ҳанӯз чунин иродаи сиёсиро аз худ нишон надодаанд.

Сухангӯи Кремл дар вокуниш ба изҳороти Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико дар хусуси ин ки Вашингтон ҳаргиз нимҷазираи Қримро ҷузви хоки Русия намедонад, афзуд: Маскав интизор ҳам надорад, ки онҳо чунин чизеро ба расмият бишносанд.

Песков изофа кард: Маскав Қримро ба худ напафваст, балки он нимҷазира ба шакли қонунӣ ба Федератсияи Русия пайваст, пас пайвастани Қрим наметавонад ба расмият шинохта шавад, зеро усулан пайвасте дар кор набуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп