Вокуниши Байден ба сафари поп ба Ироқ
(last modified Mon, 08 Mar 2021 17:08:17 GMT )
Март 08, 2021 22:08 Asia/Dushanbe
  • Байден: Поп Франсисро ба хотири тааҳҳудаш дар иртиқои таҳаммули мазҳабӣ ва дарки байни адён таҳсин мекунам
    Байден: Поп Франсисро ба хотири тааҳҳудаш дар иртиқои таҳаммули мазҳабӣ ва дарки байни адён таҳсин мекунам

Раиси ҷумҳурии Амрико сафари поп ба Ироқро ирсолкунандаи «паёме муҳим» донист, ки «бародарӣ бодавомтар аз бародаркушӣ, умед қудратмандтар аз марг ва сулҳ боқудраттар аз ҷанг аст».

Ба гузориши ИРНА, Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи душанбе дар баёнияе матбуотӣ эълом кард: Ироқ кишваре аст, ки ғарқ дар танаввӯи  мазҳабӣ ва қавмӣ аст ва ҳамчунин маҳалли зиндагии яке аз қадимитарину мутанаввеътарин ҷомеаи масеҳӣ дар ҷаҳон аст.

Вай сафари поп Франсисро барои ин кишвар дидоре таърихӣ ва хушоянд буд, донист ва изофа кард: Дидори поп Франсис аз маконҳои мазҳабии бостонӣ, аз ҷумла зодгоҳи Китоби муқаддаси Иброҳим, мулоқот бо оятуллоҳилузмо Алии Сиистонӣ дар Наҷаф ва иқомаи намоз дар Мавсил – шаҳре, ки фақат чанд соли пеш шарорати ДИИШ - ро мутаҳаммил шуд, намоде аз умед барои ҳамаи ҷаҳон аст.

Байден изҳор дошт: «Ман ба давлату мардуми Ироқ барои муроқибат ва барномарезиҳое, ки дар заминаи баргузории ин дидори азим анҷом додаанд, табрик мегӯям ва ҳамчунон поп Франсисро ба хотири тааҳҳуди худ дар иртиқои таҳаммули мазҳабӣ, пайвандҳои муштараки башарият ва дарки байни адён таҳсин мекунам».

 

Бештар бихонед: