Русия ба Амрико ҳушдор дод
(last modified Fri, 12 Mar 2021 14:53:29 GMT )
Март 12, 2021 19:53 Asia/Dushanbe
  • Захарова дар бораи истиқрори мушакҳои ҷадид дар минтақаи Ховари Дур ба Амрико ҳушдор дод
    Захарова дар бораи истиқрори мушакҳои ҷадид дар минтақаи Ховари Дур ба Амрико ҳушдор дод

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия нисбат ба истиқрори мушакҳои ҷадид дар минтақаи Ховари Дур ба Амрико ҳушдор дод ва эълом кард, ки ин иқдом паёмадҳоеро ба дунбол хоҳад дошт.

Ба гузориши ИРНА, Мария Захарова рӯзи ҷумъа дар нишасти ҳафтагии хабарӣ дар Вазорати умури хориҷаи Русия изофа кард: Истиқрори мушакҳои амрикоии заминии миёнбурд ва кӯтоҳбурд дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсироти бесуботкунандае аз назари амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ дорад ва боиси оғози мавҷи ҷадиди мусобиқаи таслеҳотӣ хоҳад шуд.

Вай афзуд: Мо ин мавзӯро аз ахбори расонаҳои ҷопонӣ пайгирӣ кардем, ки эълом карданд, Токио ва Вашингтон ба зудӣ дар мавриди истиқрори мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон музокира мекунанд.

Русия ҳамсояи Ҷопон дар Ховари Дур аст ва истиқрори мушакҳои амрикоӣ дар ин минтақа бо манофеи русҳо ҳамхонӣ надорад.

Бар асоси гузориши расонаҳо, артиши Амрико ба Ҷопон итилоъ додааст, ки барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи низомии Чин дар минтақа қасд дорад мушакҳояшро дар Окинава ороиш диҳад.

Бештар бихонед: