Размоиши нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Mon, 15 Mar 2021 15:10:44 GMT )
Март 15, 2021 20:10 Asia/Dushanbe
  • Размоишҳои пайдарпай заминаи таҳдидҳои мутақобилро фароҳам мекунад
    Размоишҳои пайдарпай заминаи таҳдидҳои мутақобилро фароҳам мекунад

Баргузории размоишҳои пайи дарпайи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон токунун на танҳо аз мушкилоти ду кишвар накоста, балкӣ заминаҳои бурузи таҳдидҳои мутақобилро фароҳам ва беш аз пеш тақвият кардааст.

Дар ҳоле, ки тамринҳои низомии артиши Арманистон дар моҳи ҷорӣ баргузор шудааст, нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Озарбойҷон аз имрӯз (душанбе - 15 март), размоиши тозае баргузор мекунанд. Дар ҳамин иртибот, вазорати дифои ҷумҳурии Озарбойҷон бо интишори баёнияе, эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи ҷумҳурии Озарбойҷон бар асоси барномаи мусавваби раисиҷумҳурӣ, размоиши серӯзаи  низомӣ, амалиётӣ ва тактикӣ анҷом хоҳанд дод.

Дар ин размоиш илова бар тамрини тупхонаӣ ва худравҳои зиреҳӣ, 10 ҳазор нерӯи низомӣ ва 30 ҳавопаймои ҷангӣ ва паҳпод мушорикат хоҳад кард.

Пеш аз ин, артиши Арманистон як тамрини низомӣ баргузор кардааст. Тибқи барномаи эълом шуда, артиши Арманистон ҳамчунин қасд дорад, аз 16 то 20 март, размоиши дигаре баргузор кунад. Ҷумҳурии Озарбойҷон низ дар рӯзи аввали феврал размоиши муштараке бо Туркия дар шаҳри Kars дар маҳдудаи марз бо Арманистон баргузор карданд. Дар пайи баргузории размоиши муштараки ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркия дар Kars, бисёре аз сиёсатмадорони арманӣ ва коршиносони сиёсӣ ва низомии Арманистон баргузории ин размоиши муштаракро талоше ба манзури тарсондани тарафи арманӣ қаламдод карданд.

Ба унвони мисол, Артур Яқиёзориён, коршиноси низомии Арманистон пас аз баргузории размоиши муштарак дар моҳи феврал, эълом кард: "ин размоиши муштарак паёме барои тарсондани Арманистон буд. Аммо аз сӯи дигар, набояд ин воқеъиятро нодида бигирем, ки Боку ва Анкара бори дигар барои ҷанг бо Ереван омода мешаванд. Бавижа, ки шароити ин размоиши низомии муштарак аз назари моҳият бисёри шабеҳ ба анҷоми амалиёт дар хоки Арманистон буд".

Ба ҳар ҳол, тардиде нест, ки ҳар бор ки яке аз тарафайни мутахосим дар минтақаи Қафқоз ба баргузории размоиш иқдом мекунанд, тарафи муқобил ба манзури нишон додани омодагии низомӣ, талош мекунад размоиши мушобеҳе тадорук бибинад. Аз ҷумла метавон ба баргузории размоиши ҷумҳурии Озарбойҷон ишора кард, ки се рӯз пас аз размоиши артиши Арманистон, ба фармони Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон тадорук дида шудааст.

Нуктаи қобили тааммули дигар дар заминаи баргузории размоишҳои тарафҳои даргир дар муноқишаи Қарабоғ мусобиқаи таслеҳотӣ ва низомии дутарафа аст. Дар ҳақиқат, тарафҳои мутахосим бо баргузории размоишҳои пай дар пайи зимни таҳлили тавони низомӣ ва иқтисодии худ, заминаҳои ҳузур ва дахолатҳои бегонагонро дар минтақа беш аз пеш фароҳам мекунанд.

Дар ҳамин замина, бояд гуфт, режими Исроил аз ибтидои соли ҷории милодӣ, дар дувуним моҳи гузашта борҳо аз фуруши силоҳ ба ҷумҳурии Озарбойҷон ва тарҳи масъалаи иттиҳоди стротежик бо давлати Илҳом Алиев сухан ба миён овардааст.

Эътирози Арманистон ба ҳимояти таслеҳотии режими саҳюнистӣ аз Боку

Ин изҳори назарҳо дар чорчуби изҳороти мақомҳои саҳюнистӣ ва ё коршиносон ва ё тарҷумаи матолиби расонаҳои саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ҳамаги ҳокӣ аз он аст, ки ин режими номашруъ талош мекунад аз мавқеъияти ошуфта дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ дар ҷиҳати манофеъи худ баҳрабардорӣ ба амал оварад. Мушобеҳи ҳамин иқдом аз сӯи давлати Туркия пайгарӣ мешавад. Мақомҳои Анкара дар чанд моҳи гузашта чандин тавофуқномаи ҳамкории низомӣ ва фурӯши силоҳ ба ҷумҳурии Озарбойҷон имзо кардаанд.

Бадеҳист, ки ин сӯиистифода аз шароити мавҷуд миёни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон нишон медиҳад, ки душманони миллатҳои минтақа бекор нанишаста ва ба мусобиқаи таслеҳотӣ миёни кишварҳои минтақаи Қафқози Ҷанубӣ доман мезананд. Дар ҳақиқат кишварҳои солис бо таҳрики Боку ва Ереван, дутарафро ба хариди силоҳ ва анбор кардани таслеҳоти низомӣ тарғиб мекунанд.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз вазъияти мавҷуд, метавон гуфт, баргузории размоишҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон сирфан роҳе барои таҳлили низомӣ ва иқтисодии дутараф аст. Гароиш ба рақобатҳои таслиҳотӣ, ки бахши аъзами он тавассути давлатҳои бегона тарғиб мешавад ва ба зиёни кишварҳои ин минтақа аст, аз дигар авоқиби баргузории ин размоишҳо қаламдод мешавад.

БЕШТАР БИХОНЕД: