Шиносоии навъи ҷаҳишёфтаи нави вируси корона дар Фаронса
Идораи кулли беҳдошт ва дармони Фаронса аз шиносоии навъи ҷаҳишёфтаи нави вируси корона дар ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши рӯзномаи «Ле Монд», Идораи кулли беҳдошт ва дармони Фаронса дар баёнияе эълом кард: Навъи ҷаҳишёфтаи ҷадиде аз вируси корона дар вилояти Бретан (Bretagne) –и Фаронса шиносоӣ шудааст ва таҳқиқот барои арзёбии мизони интиқол ва шиддати мавориди ибтило ва маргу мири ношӣ аз он оғоз шудааст.
Мақомоти беҳдоштии Фаронса дар вилояти Бретан мавориде шиносоӣ кардаанд, ки алоими болинии ҳамагирии Ковид- 19-ро дошта, аммо тести PCR (озмоиши корона)-и онҳо манфӣ будааст .
Институти Пастери Фаронса ҳам шиносоии ин гунаи ҷаҳишёфтаи ҷадиди вируси коронаро дар ин кишвар таъйид кардааст.
То кунун се гунаи англисӣ, бразилӣ ва африқои ҷанубӣ муҳимтарин ҷаҳишҳои вируси коронаанд, уи ба тартиб Аврупо, Амрикои Лотин ва Африқоро беш аз дигар манотиқ таҳти таъсир қарор додаанд.
Фаронса бо беш аз чаҳор миллиону 78 ҳазор мубтало ба Ковид -19 ва беш аз 90 ҳазор ҷонбохтаи ношӣ аз он, дар рутбаи шашуми кишварҳои ҷаҳон ва рутбаи сеюми Аврупо қарор дорад.
Бештар бихонед:
- Гузориши вижа: Гирифтории бештари Аврупо дар чанги вируси корона
- Вируси ҷаҳишёфтаи англисӣ
- Ваксинаи эронии корона вируси коронаи англисиро хунсо кард