Наврӯз дар чӣ кишварҳое ҷашн гирифта мешавад?+нақша
Наврӯз-ҷашни бостонии эронӣ аст, ки бо оғози соли нави хуршедӣ дар кишварҳои гуногун баргузор мешавад ва тибқи оморҳо беш аз 187 миллион нафар дар 11 кишвари саросари ҷаҳон, Наврӯзро ба унвони ҷашни миллии худ баргузор мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳар як аз ин кишварҳо тибқи тақвими расмӣ ва миллии худ Соли навро оғоз мекунанд ва ба ҳамин далел замони Соли нав дар кишварҳои гуногун мутафовит аст .
Илова бар кишварҳои ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, имрӯза мардум дар бархе кишварҳо низ Наврӯзро ба сурати ғайрирасмӣ ҷашн мегиранд . Ҳиндустон, Туркия, Миср,Фаронса,ҷумҳурии Тотористони Русия, Амрико, Англия, Канада, Ҳолланд, Олмон, Лубнон, Сурия,Чин,Аморот ва Шветсия аз ин қабил кишварҳо ҳастанд.
Бештар бихонед :