Русия ба донишҷӯёни 25 кишвар иҷозаи вуруд дод
(last modified Sun, 21 Mar 2021 16:24:37 GMT )
Март 21, 2021 21:24 Asia/Dushanbe
  • Шумори зиёде аз ҷавонони тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия машғул ба таҳсил ҳастанд
    Шумори зиёде аз ҷавонони тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Русия машғул ба таҳсил ҳастанд

Мақомоти Русия ба донишҷӯёни 25 кишвар иҷоза доданд барои идомаи таҳсили вориди ин кишвар шаванд, аммо номи Тоҷикистон дар феҳристи ин кишварҳо нест .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Русия ки пас аз густариши корона ва дар паии иҷрои маҳдудиятҳои коронаӣ марзҳои заминӣ ва ҳавоии худро ба рӯйи донишҷӯёни хориҷии машғӯл ба таҳсил дар ин кишвар баста буд, ба тозагии вуруди донишҷӯёни 25 кишварро бо шароите пазируфтааст .

    Бо вуҷуде, ки шумори зиёдӣ аз ҷавонони тоҷикистонӣ дар донишгоҳҳои Рӯсияи машғӯл ба таҳсил ҳастанд дар феҳристи ин 25 кишвар номи Тоҷикистон нест .

  Ин дар ҳоле аст, ки бинобар гузоришҳои расмии вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъияти коронаӣ дар ин кишвар аз январи имсол сафед аст ва ҳеч мавриди наве аз ибтило ба Ковид 19 дар Тоҷикистон ба сабт нарасидааст .

    Бар асоси тасмими вазорати маорифу илми Русия донишҷӯёни кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Ветнам, Юнон, Миср, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қатар, Қирғизистон,Куба,Молдавия, Сербия, Сингапур, Танзания, Туркия, Финландия,Швейтсария, Жопон ва шумори маҳдуде аз кишварҳои дигар иҷоза ёфтаанд барои пайгирии умӯри таҳсили худ ворид Русия шаванд .

 Ин донишҷӯён бояд се рӯз пеш аз сафар ба Рӯсия дар заминаи ибтило ба Ковид 19 гувоҳиномаи саломат дарёфт карда бошанд ва ҳангоми вуруд ба Русия низ аз онҳо дубора озмоиш хоҳад шуд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп