Март 25, 2021 10:00 Asia/Dushanbe
  • Илон Маск иҷозат дод, ки маҳсулоти Тесла бо истифода аз биткоин харидорӣ шаванд
    Илон Маск иҷозат дод, ки маҳсулоти Тесла бо истифода аз биткоин харидорӣ шаванд

Як твитт аз Илон Маск, мудир омили ширкати Тесла, нархи биткоинро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба 56 ҳазору 517 доллар расонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамоии шабакаи хабарии Ал-Олам, Илон Маск, мудиромили ширкати Тесло, ки бо твиттҳои худ ҷанҷол дар бозори рамзи арзҳо ё пулҳои диҷиталӣ эҷод кардааст,  бо як твити дигар мӯҷиби афзоиши нархи баткоин шуд. 

  
Илон Маск дар твити  ахири худ навишт: «Ҳоло метавонед мошинҳои  Теслоро бо истифода аз биткоин харидорӣ кунед. Дар чанд моҳи оянда қобилияти харид бо биткоин барои хориҷ аз Амрико низ дар дастрас қарор хоҳад гирифт.» 

  Дар ҳоли ҳозир арзиши биткоин бо беш аз 3 дарсад афзоиш ба 56 ҳазору 517 доллар расидааст. 

Маск эълом кардааст, ки хариди маҳсулоти ширкати Тесло дар дараҷаи нахуст, шомили мутақозён дар Амрико хоҳад буд ва дар моҳҳои баъд харидорони хориҷ аз Амрикоро низ дарбар хоҳад гирифт. 

Барчасп